Ҳифзи моликияти зеҳнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 302
4 июн дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ-ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқии он» бо донишҷӯёну омӯзгорон машварат баргузор гардид.
Машварат бо мақсади ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо гузаронида шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаву шартнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ шудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...