Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Заминаи муҳим барои рушди илм ва маориф


Заминаи муҳим барои рушди илм ва маориф




Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли зиёи мамлакат, ки 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, хусусан барои тақвият ва рушди минбаъдаи соҳаҳои илму маорифи кишвар боз як заминаи умедбахшро аз нигоҳи илмӣ ба вуҷуд овард.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ бо аҳли зиё чунин иброз менамоянд: «Олимон дар ҳар давру замон барои миллати азизамон чароғи тобон буданд, ҳастанд ва мемонанд».

Бесабаб нест, ки қарнҳо боз олимону мутафаккирон илму дониш, тафаккуру хирадро меситоянду омӯхтани он, ба он рӯ овардану аз ин ганҷи бебаҳо баҳра бурданро тавсия мекунанд.

Оре, дониш ҳосили маърифати фикрии инсонҳост. Дониш бо итоби воқеияту амалиёти шуури инсон аст, қадам ба қадам ҳаёти ҷомеа пеш меравад ва пешрафти ҳаёт ба он вобастагии сахте дорад. Танҳо дар бораи худ андешидан ва барои худ кору фаъолият кардан маънои зиндагиро коста намуда, таровату зебоиро аз он дур месозад. 

Чуноне ки яке аз аввалин классикони педагоги ҷаҳон Ян Амос Коменский гуфтааст: “Зиндагӣ саҳнае ҳаст, ки инсонҳо дар он аз худ нақше офаридаву аз ин саҳна мераванд, агар ин нақш бо камоли касбият офарида шуда бошаду он хотирмону мусбат анҷомад, хуш ба ҳоли он инсон, ки ба ёдгор номи наку мегузорад”.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд.

Муҳтавои асосии мулоқот таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби аҳли зиёро фаро мегирифт. Пешвои миллат қайд карданд, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд. 

Дар мулоқоти Сарвари давлат андешаҳои хеле ҷолиб, басо илмӣ, бешак, мантиқӣ доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ рӯ овардани аҳли илмро роҳандозӣ намудаанд. 

Шароите, ки дар асри ХХI барои мо фароҳам омадааст, пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин баръало назаррас аст. Аз  ин рӯ, рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад, ки ин самтро худи Пешвои миллат бисёр равшан ва амиқу дақиқ шарҳу тавзеҳ доданд. Дуруст аст, ки илм он гоҳ натиҷа меорад, ки дар амал татбиқ карда шавад. Пас, олимони кишвари моро зарур аст, ки ҳарчи бештар донишҳои илмиро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд, то ки илм дар ҷараёни татбиқ бошад.

Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди илм тамоми  имкониятҳо муҳайё мебошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар чунин шароит ҳарчи бештар роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем.

Дар қатори дигар суханони пурмуҳтаво таваҷҷуҳи хоссаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф ва рушди ин самтҳои афзалиятнок ва воқеан муҳими кишвар, баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд, яке аз самтҳои манфиатбахш маънидод гардид. “Ин кор ба рушди забони илм низ мусоидат мекунад”, - қайд намуданд Пешвои миллат.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид зикр карданд, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад. Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад.

Имрӯз ҷавонон яке аз қишрҳои асосии пешбарандаи давлат ҳастанд. Давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, ҳамеша дастгирии онҳоро аз самтҳои муҳими сиёсати давлат меҳисобанд.

Дар ҳақиқат, ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Фалсафаи ҳаёт чунин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлол ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои таъсир ба мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.

Яке аз паҳлуҳои муҳимме, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, мавзуи ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушду пешрафти илму техника буд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки пешрафту тараққиёти ояндаи мамлакат аз ҷавонон хеле вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

Ба назари мо, роҳи дурустро интихоб кардани ҷавонон агар аз оилаву пас аз муҳити иҷтимоии онҳо вобаста бошад, дигар омил ин таҳлилу пешниҳоди илмии олимон мебошад, ки тавонад таваҷҷуҳи ҷомеа ва аз ҷумла ҷавононро ба худ ҷалб намояд. Бо ин назардошт, Роҳбари давлат ҳам зикр карданд, ки олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифротгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.

Хулоса, дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва аҳли илму маорифи кишвар паҳлуҳои умдаи соҳаҳои илму маориф мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки талаботи рӯз чунин аст, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бояд таъмин карда, натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои вобаста ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, яъне «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ» ва «рақамикунонии соҳаи таҳсилот» таъсис дода шаванд. Ҷойи дигар Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи имрӯза ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо бо эътимоди комил ба қудрати созандаи зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат умедворем, ки онҳо ин камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошанд, бо дастовардҳои шоистаи худ Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.


Баҳрулло ФАЙЗАЛИЗОДА,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода