150 ширмоҳӣ ғайриқонунӣ сайд шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 145
Шикор намудани ҳайвонҳои нодир амали қайриқонунӣ маҳсуб ёфта, шахсро метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Шикори ғайриқонунии моҳӣ бо тур, маводҳои химиявӣ ва аз ҳама бештар бо шастҳои барқӣ боиси камшавии аксар навъҳои моҳӣ гардидааст. Аз ин рӯ, шикори ин навъи моҳӣ низ аз ҷониби масъулин ба таври катъӣ манъ карда шудааст.
Новобаста ба ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ манъ мекунад, аммо ашхосе пайдо мегардаду дидаю дониста даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд. Аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Хатлон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи табиат, олами ҳайвоноту наботот ҳамарӯза чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шуда, кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ба табиат харобиовари баъзе аз шаҳрвандон ошкор карда мешаванд.
Тибқи маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар доираи ҳамин гуна коргузории самтӣ кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Полвонтуғайи ноҳияи Қубодиён 3 нафар сокинони вилоятро ҳамчун гумонбар дар шикори ғайриқонунии моҳӣ дастгир намуданд.
Шаҳрвандон Абдусало Юсупов, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Кӯшониён, Боймаҳмад Холов, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён ва Аслиддин Маҳмадқулов, соли таваллудаш 1999, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён мебошанд, ки бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ бо истифода аз усули худсози барқӣ (электроудочка) 150 адад ширмоҳиро бо вазни 21 кг сайд намуда, ба табиат зарар расонидаанд.
Вобаст ба ҳолати мазкур дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, айни замон тафтишот идома дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...