ЯК РӮЗИ ЁДОВАРӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 798
Зери ҳамин унвон дар Кохи “Ватани”-и шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар мудирони шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мутахассисони пешбари бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва дигарон иштирок доштанд.
Тавре зимни семинар ироа гардид, оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» раисони шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба тавсиб расидаанд. Дар ин асос, дар қаламрави шаҳраку деҳот як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, инчунин, дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилоят ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» бо ҷалби сокинони вилоят охири ҳар моҳ гузаронида мешавад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда, маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 517 қабристонҳои амалкунанда, 65 қабристони маҳкамшуда, инчунин, 27 қабристони мавзеи таърихидошта вуҷуд дорад, ки тахминан 1785 га заминро дар бар мегирад.
* * * * *
Дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» бо иштироки доираи васеи сокинони маҳал баргузор гардида истодааст.
Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои “Асомидин Муродов” ва “Ҷамъият-деҳқон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, сокинони деҳаҳои “Хушодӣ”, “Хоҷа Дурбод” ва “Чӯянчӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, сокинони деҳаҳои Қаҳрамон, Чинор ва Ориёни Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус ва дар ноҳияи Носири Хусрав сокинони деҳаҳои Муъминобод ва Бешкенти Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” дар тозаву озода намудани оромгоҳҳои маҳалли хеш иштироки фаъолона доштанд.
Дар ҳашари умумӣ шаҳрвардон дохилу атрофи қабристонҳои маҳалли худро аз алафу рустаниҳои худрӯй тоза карда, дарахтони ин мавзеъро ба шакл дароварданд ва дар ҳудуди онҳо ниҳолҳои сояафкан шинонданд. Дар ин баробар, атрофи қабристонҳоро маҳкам карда, инчунин, роҳҳои дохил ва шафати онҳоро сангфарш ва дигар корҳои ободониро анҷом медиҳанд.
Дар чорабинии воҷиб барои таъмини лавозимоти зарурӣ, аз қабили оҳак, симтӯр, қум, семент ва ниҳолҳои сояфкан, инчунин гулу гулбутта ва амсоли инҳо аъзои фаъоли ҲХДТ дар маҳал, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу саховатманд саҳмгузоранд.
Фирдавс УМАРОВ,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30