Меҳртоби Наврӯз (Қасида)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 223
Офтоби рӯшанрав меҳртоби Наврӯз аст,
Осмон суҳуфе сабз аз китоби Наврӯз аст.
Нарм-нарм меларзад барги нахли армонам,
Рақси он дар оҳанги изтироби Наврӯз аст.
Рӯди саркаши шавқам по ба раҳ хурӯшон шуд,
Пайрави ҳавасбози печу тоби Наврӯз аст.
Ин замони фарҳангӣ орази чаман пӯшид,
Кулли ҳастии олам дар ниқоби Наврӯз аст.
Дидаи арӯси сол аз фараҳ ҳамегиряд,
Ашки дидааш ҷорӣ аз саҳоби Наврӯз аст.
Сардпурсии дайро посухе наҷӯ ин дам,
Гармии фараҳовар худ ҷавоби Наврӯз аст.
Аз таровату накҳат в-аз табассуми гулзор,
Маст ҳар гиёҳу гул аз гулоби Наврӯз аст.
Бол уқоб бикшояд, кабк дар хиром ояд,
Чун дафи бадахшонӣ офтоби Наврӯз аст.
Сарвқадди хушрӯе нози дилбарӣ дорад,
Қомати расои ӯ чун хитоби Наврӯз аст,
Кӯҳ мисли оина медурахшад аз дурӣ.
Сангу шишаро оин бозтоби Наврӯз аст.
Нак, ситораи бахти рафта равшанӣ афканд,
Пойбаста мерахшад дар таноби Наврӯз аст.
Лола мисли Ҷоми Ҷам кардааст алам парчам,
Марҳаме ба доғи ӯ дар шароби Наврӯз аст.
Қудсиёни болоро то ба маҳфили анҷум,
Раҳнамо тамоми шаб моҳтоби Наврӯз аст.
Дар замини рӯҳафзо, коиноти беохир,
Навгарову навовар инқилоби Наврӯз аст.
Барқ наъраҳо дорад, абр ашк мерезад,
Шаш ҷиҳат ҳама олам комёби Наврӯз аст.
Ғунчаҳо ҳама хандон, боғ дар ҳарири гул,
Боғи орзуи мо дар ҳиҷоби Наврӯз аст.
Пӯпаки гули қоқу сап-сафед хушкида,
Дар миёни баҳри гул чун ҳубоби Наврӯз аст.
Мавҷи хуррамӣ хезад аз насими атролуд,
Ин саховати зебо интихоби Наврӯз аст.
Қалби булбули ошиқ захми хори гул хӯрда,
Нола мекунад маҳзун чун кабоби Наврӯз аст.
Селаи парастуҳо муҳра дар ҳамели сим,
Пурмаънию зебо шеъри ноби Наврӯз аст.
Хони навбаҳор оро, шод кун дили моро,
К-ин риояи расму ҳам савоби Наврӯз аст.
Дар баёзи ин ҳастӣ равзане басо рӯшан,
З-ибтидои ин дунё фаслу боби Наврӯз аст.
Усмон БИЛОЛӢ
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...