НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 193
Олам ҳама хандон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ҷон дар бағали ҷон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ёре бари ёр омад, ду кабк қатор омад,
Андӯҳ гурезон шуд, Наврӯз муборак бод!
Рӯе бари рӯ омад, соғар ба сабӯ омад,
Лабҳо шакаристон шуд, Наврӯз муборак бод!
Аз халқаи оби ҷӯ, аз силсилаи гесӯ,
Дил силсилаҷунбон шуд, Наврӯз муборак бод!
Аз нозу итоби ёр, аз бӯи гулоби ёр,
Ошиқшуда ҳайрон шуд, Наврӯз муборак бод!
Шамси саҳарӣ хандон, шоми қамарӣ хандон,
Лабханда фаровон шуд, Наврӯз муборак бод!
Бар ёр сафо оред, дунёи вафо оред,
Дунё, ки зи ёрон шуд, Наврӯз муборак бод!
Нахли қади мавзуне, шабҳои пурафсуне,
Ҷуфти дили инсон шуд, Наврӯз муборак бод!
Аз ёр сухан гӯед, атри тани гул бӯед,
Навбат ба ҷавонон шуд, Наврӯз муборак бод!
Бошед ба якдигар, дар ин дами ҷонпарвар,
Бо ҳам будан осон шуд, Наврӯз муборак бод!
Шамс омаду нур омад, дунёи ҳузур омад,
Абр омаду борон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ғамро зи дил андозед, бо шодии дил созед,
Шодӣ ба ғамистон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...