Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Исроил Шарипов, раиси клуби футболи "Вахш" аз мақомаш рафт


Исроил Шарипов, раиси клуби футболи "Вахш" аз мақомаш рафт




КФ "Вахш"-и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки раиси клуб Исроил Шарипов аз вазифаи хеш канор рафтааст.

Исроил Шарипов беш аз 30 сол мешавад, ки роҳбарии дастаи “Вахш”-ро бар дӯш дошт.

Дастаи футболи “Вахш” дар ин муддат 3 маротиба Чемпиони Тоҷикистон, 2 маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон, инчунин, финалисти Ҷоми Президенти КФО гардидааст. 

Вале дар пайи силсиланобарориҳои мавсими гузашта, дастаи "Вахш" аз лигаи Олӣ ба лигаи якум афтод.

Акнун собиқ бозингари дастаи "Вахш" Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи И. Шарипов таъйин гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода