Боз як хуршед моро тарк гуфт...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 229
Пас аз бемории начандон тӯлонӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, собиқ роҳбари ансамбли "Фалак" ва яке аз пояҳои ҳунари миллӣ (фалаксароӣ), устод Давлатманд Холов дар синни 74 аз дунё даргузашт.
Мавсуф дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ордени «Шараф» дараҷаи I, Ордени «Дӯстӣ» ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Франсия буд.
Бо савту наво дар ҳама ҷо ҳарфи малак гуфт,
Таҳ кард лаби хону ба кас поси намак гуфт.
По кӯфта, бардошт ба мо даст ба оҳанг,
Устоди фалак, ҷони фалак, тарки фалак гуфт...
Давлатманди Хол 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ш. Шоҳин) идома медиҳад. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуд. Сипас, ба Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор омад.
20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Давлатманди Хол аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳудуди 20 сол ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Устод яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Устоди Фалак, дар фаъолияти эҷодӣ услуби хосаи худро ташаккул ва рушд додааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш қариб ба 100 мамлакати ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати бузурги миллиро муаррифӣ намудааст.
Саҳми Давлатманди Хол дар рушди мусиқии миллӣ бузург аст. Дар давраи шӯравӣ дар шароити хонаводагӣ, сипас шаҳриву вилоятӣ ва дар замони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавонистааст санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоихонӣ ҳифз намояд ва саҳми худро дар рушди он гузорад. Давлатманди Хол дар асоси қавоиди фалакхонӣ оҳангу сурудҳои хеле пурмазмун офаридааст.
Сурудаҳои Давлатманди Хол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ ҳаводорони зиёд доранд. Чанд сол қабл Президенти собиқи Фаронса Жак Ширак барояш нишони тилоии кишварашро ҳадя карда буд.
Устод яке аз хонандаҳои фаъоли рӯзномаи “Хатлон” буд. Дар як суҳбаташ бо рӯзнома чунин гуфта буд: “Ҳарчанд дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, аммо шумораҳои рӯзномаро мунтазам дастрас мекунам ва мехонам.
Рӯзномаи “Хатлон”-ро дӯст медорам, зеро дар саҳифаҳои он тамоми масъалаҳо хуб матраҳ карда мешаванд, то мардум бихонад ва дар зиндагӣ аз он истифода намоянд...”.
P.S. Даргузашти Давлатманд Хол, бешак, талафоти бузурге барои санъати миллати тоҷик мебошад. Ӯ нафаре буд, ки бонги Фалакро ба ҷаҳон расонид. Сутуни санъати аслии касбии тоҷик бо хидматҳои мондагорашон дар хотираҳо абадӣ мемонанд.
Ба тамоми аҳли пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи дурахшони санъати тоҷик аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” изҳори ҳамдардӣ баён менамоем.
Равони устод шод, макони охираташ обод ва ёдаш гиромӣ бод!
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...