Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БОЗДОШТИ ҶОДУГАРИ 74-СОЛА ДАР Ш.КӮЛОБ


БОЗДОШТИ ҶОДУГАРИ 74-СОЛА ДАР Ш.КӮЛОБ




Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Файзуллоеви 74-соларо ба гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад, ӯ сокини маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи истиқоматиаш ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул мешудааст.

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки Раҳматулло Файзуллоев худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, давоми 5 соли охир ба ин кор машғул будааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, маълум шудааст, ки дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш  парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардидааст.

Раёсат таъкид доштааст, ки имрӯз илму донишҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфта, шаҳрвандонро мебояд аз чунин афроди ҷодугару фолбин дӯрӣ ҷӯянд ва ба амалу рафтори онҳо бовар накунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Ҳамчунин, бар асоси талаботи динӣ низ машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ иҷоза дода намешавад.

Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бар асоси моддаи 482 Кодекси маъмурии ҶТ ҷарима дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Дар сурати такрори амал дар давоми сол ҷарима метавонад аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода