МАРДИ 40-СОЛА БО ҶУРМИ ДУЗДӢ ДАСТГИР ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 375  
![]()
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза пирамарди 74-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 1-адад таҷҳизоти аксбардории тамғаи “Никон”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “ҶИ-1” ва 1-адад ноотбуки тамғаи “Асус”-ро, ки арзиши умумиашон 5 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
    
    
        
            - 
    
        
            
            
            21-12-2021, 12:16
         
        
            
            
            Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
         
    
 - 
    
        
            
            
            13-07-2021, 03:29
         
        
            
            
            Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
         
    
 - 
    
        
            
            
            23-12-2021, 16:14
         
        
            
            
            Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
         
    
 - 
    
        
            
            
            26-01-2021, 14:00
         
        
    
 - 
    
        
            
            
            2-07-2022, 08:08
         
        
            
            
            Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...