ТАБИАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 264
Як гурӯҳи олимон баъди тадқиқот муайян карданд, ки ҷонварони ширхӯр дар зарфи 250 миллион соли оянда бар асари гармии ғайримуқаррарӣ аз байн хоҳанд рафт.
Маълум шуд, ки дар давоми 250 миллион соли оянда вазъи обу ҳаво назар ба ҳозира гармтар шуда, қитъаҳо ба як суперконтинент дар наз-дикии минтақаҳои тропикӣ муттаҳид мешаванд.
Мувофиқи пешгӯии олимон миқдори гази карбон ду баробар зиёд шуда Офтоб 2,5 фоиз бештар ва ҳарорати ҳаво аз 40 то 70 дараҷа гарм шуда, намӣ якбора боло меравад.
Коршиносон боварӣ доранд, ки танҳо 8-16% замин барои ширхӯрон мувофиқ хоҳад буд, зеро ин ҳудудҳо дар минтақаҳои қутби сайёра хоҳанд буд.
Дар чунин ҳолат ҷонварони ширхӯр аз ғизо ва оби нӯшокӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дар натиҷа, марги оммавии ҳайвонот аз рӯи миқёс бо нобудшавии динозаврҳо баробар хоҳад шуд, менависад Nature Geoscience.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00