«Давлатдории миллӣ ва нақши он дар бақои сарнавишти тоҷикон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 870
Таҳти ин унвон дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конфронси вилоятӣ баргузор гардид.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, коршиноси масоили байналмилалӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд.
Конфронсро муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи суннатҳо ва тамаддуни тоҷикон сухан гуфт. Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодири таърихӣ буда, ба халқу мамлакати мо қувваи тавоно бахшид ва барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард.
Сипас, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Давлатдории миллӣ ва нақши он дар бақои сарнавишти тоҷикон дар шароити нави таърих” суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, алҳол дар саросари ҷаҳон намояндагони 7500 миллат умр ба сар мебаранд, аммо ҳамагӣ 2%-и миллатҳо соҳибдавлатанд. Бинобар ин, мо хушбахттарин миллатем, ки имрӯз соҳиби давлату муқаддасоти миллӣ ҳастем.
Вобаста ба мақом ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршинос А. Раҳнамо гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи мураккаби таърихӣ ба сари давлат омада, бо талошҳои худ давлати тоҷиконро аз хатари воқеии нобудӣ наҷот дод. Хидматҳои ӯ бисёр бузурганд, аммо фақат ҳамин масъала, яъне ҳифз ва наҷоти давлатдории мо кофист, ки ному корномаи ин шахсият дар таърихи халқи мо барои абад боқӣ монад. Аз ин рӯ, мақоми Пешвои миллат як шакли арҷгузории мардум ба хидматҳои ӯ ва хусусан, ба арзишҳои меҳварии сиёсати ӯ, яъне сулҳу ваҳдату суботу амният мебошад. Аммо дар марҳилаи имрӯза, масъалаи Пешвои миллат мавзӯе бештар аз муҳаббату арҷгузорист. Он як масаъалаи амалии давлатдорӣ буда, Пешвои миллат барои ҷомеаи мо ҳамчун як омили устувори таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ зарур мебошад. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон бо он ҷойгоҳи умумимиллии худ имрӯз ба кафили сулҳу субот ва кафили ҳифзу пойдории давлатдории муосири мо табдил ёфтааст.
- Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на ҳамчун шахс, балки ҳамчун як арзиш, ҳамчун як мафҳум, ҳамчун як сарвати миллӣ, ҳамчун як меҳвари миллӣ матраҳ аст, - афзуд ӯ. – Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб эътибори ҷаҳонӣ ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ, пешвои эътирофшудаи давлатӣ, яъне давлатмард бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад. Ин як дастоварди таърихӣ ва як сарвати миллист. Касоне, ки ба сарнавишти давлату миллат меандешанд, қадри ин сарватро дуруст мешиносанд.
Дар ин ҳамоиш мураккаб шудани вазъияти байналхалқӣ ва ба вуҷуд омадани хатарҳои нав ба суботу амният ва ваҳдату истиқлолияти кишварҳо таъкид гардида, муҳимтарини ин хатарҳо ифротгароии динӣ ва терроризми байналхалқӣ арзёбӣ шуд.
Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки агар дар зеҳни ҷомеа иттилоот ва ахбори хориҷӣ бар ахбори дохилӣ ғалаба кунад, ҳифзи ваҳдату субот бо усулҳои анъанавӣ номумкин мешавад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Иқдоми дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, пайваста боло бурдани огоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум мебошад. Дар чунин замони мураккаб маҳз мардуми огоҳ ва худшинос метавонад аҳамияти ваҳдату суботро дуруст дарк намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва муовини сардори Раёсати КДАМ дар вилоят Фирдавс Холиқов дар интиҳои ҳамоиш зикр намуданд, ки ҳама иқдомоти созандае, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат- Пешвои муаззами миллат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаланди тоҷик амалӣ шуданд.
Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлоли давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.
Н. Маъмурзода , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00