Фаъолияти ташкилоти «Pamir NEWS» экстремистӣ эътироф гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 367
Тибқи иттилои сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти «Памир дейли нюс» («Pamir Daily News») ё «Памир нюс» («Pamir News») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, он ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст.
Ҳамзамон, фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.
«Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзояш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо сабаби ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад», омадааст дар иттилоия.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...