"Сияҳҷангал" - китоби нави шоири халқи Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ аз чоп баромад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 381
"Сияҳҷангал" китоби ёддошт ва хотираҳоест аз зиндагинома ва роҳи дар сияҳҷангали душворгузари зиндагӣ тайкардаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин Алимуҳаммад Муродӣ.
Ин роҳ тахту ҳамвор ва кӯтали осонбаро набуд. Он пур аз хестанҳо, шебу фароз, шодиву ғам, кашталгириву кашталканӣ бо ғаму дард, мушкилоти зиндагӣ, афтодану нашкастану азму талошҳо барои расидан ба қуллаи мурод аст.
Китоб аз се қисмат: "Дар печу хами зиндагӣ", "Ҳикоя ва мақолаҳо", "Қиссаҳои сарироҳӣ" иборат буда, 13 хотира, 6 ҳикоя ва 4 қисса дорад.
Китоб аз 76 саҳифа иборат буда, зиндагиномаи шоирро бозгӯ мекунад.
Умедворем, хонандаи гиромӣ аз мутолиаи ин китоб суде мебарад ва навсафарони сафари роҳи зиндагӣ сабақе мегиранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...