Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 91 оила ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида мешаванд


91 оила ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида мешаванд



Комиссияи  байниидоравии  танзими  равандҳои муҳоҷирати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон  дар  соли  2023  кӯчонидани  91  оиларо  ба мавзеъҳои бехавф ба нақша гирифтааст.

Дар ин бора муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод. Тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 80 хоҷагӣ дар мавзеъҳои аз ҷиҳати экологӣ бехавфи ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Ёвон, Ховалинг, Темурмалик ва Шамсиддин Шоҳин қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист ҷудо карда шудааст.

Дар  баробари  ин,  тибқи  нақшаи  муҳоҷирати  дохилии  аҳолӣ  аз  ноҳияҳои  камзамин  ва  сераҳолии  кӯҳистон  ба  водиҳои  дорои  заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Турсунзода дар соли 2023 кӯчонидани 181 оила ба нақша гирифта шудааст, - зикр кард А. Сулаймонзода. – Тибқи нақша, имсол аз  ноҳияҳои  Кӯҳистони  Масчоҳ,  Ишкошим,  Дарвоз,  Тоҷикобод  ҷамъан  35 оила ба ноҳияи Хуросон ва аз навоҳии Рашту Тоҷикобод ҷамъ 15 оила ба  ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон кӯчонида мешаванд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода