Китоби «Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон» чоп шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 393
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо саҳми идораи рӯзномаи “Хатлон” ба ифтихори 1050-солагии алломаи Машриқзамин - Абурайҳони Берунӣ ва 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои байналмилалии ЮНЕСКО шомил шудааст, маҷмӯаи “Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон” аз чоп баромад.
Ин китоб аз ду фасл иборат буда, аз беҳтарин мақолаҳое мураттаб гаштааст, ки дар доираи озмунҳои эҷодии рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ - Алломаи Машриқзамин» ва «Тахти Сангин - рамзи таърихи пурғановати тоҷик» ба идораи рӯзнома расидаву гулчин шуда рӯйи чоп омадаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки озмунҳои мазкур ба ифтихори 1050-солагии яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ ва 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои байналмилалии ЮНЕСКО шомил шудааст, аз ҷониби идораи рӯзномаи «Хатлон» дар соли 2022 ташкил ва нимаи якуми соли 2023, дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, ҷамъбаст гардид.
Ин китоб, ки ба алоқамандони таърих, илм, публитсистика ва доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст, доир ба зиндагӣ ва осори шахсияти бузурги халқи мо Абурайҳони Берунӣ, инчунин дар бораи шаҳраки Тахти Сангин ва дафинаи беҳамтои он маълумоти ҷолибу хонданиро дар бар дорад.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00