БУНЁДИ ПУЛ БО ХАРҶИ 30 ҲАЗОР СОМОНӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 729
Баҳри рушду равнақи як гӯшаи зебои ватан сокинони деҳаи Ҳомиёни Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободониву созандагиро хуб ба роҳ монда, баҳри боз ҳам сарсабзу шукуфоии сарзамини худ саҳми хешро гузошта истодаанд.
Тибқи иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадшариф Зубайдов, сокинони Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ кӯпруке, ки солҳои сол вайрону валангор буду дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз ҳисоби сокинон ва раисони маҳаллаҳо аз нав сохта, гирду атрофи онро тоза карданд. Ин ташаббусро сокинони ҳамин ҷамоат пеша карда, пайваста дар корҳои бунёдкорӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Гуфта мешавад, ки ин иқдом бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар оянда низ корҳои ободонӣ тариқи дастаҷамъӣ ба роҳ монда мешавад.
-Иқдоми мазкури фаъолони деҳа шоистаи дастгирӣ буда, бояд ҳар як сокини диёр баҳри ободонии хона, кӯча, деҳа ё ноҳияи худ баҳри ободонӣ саҳм гузоранд,- мегӯяд М. Зубайдов.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бунёди иншооти гуногун бо маром идома дошта, ният доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи корҳоро ба сомон расонанд.
Фирдавс УМАРОВ,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03