Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Донандаи беш аз 150 пойтахти дунё


Донандаи беш аз 150 пойтахти дунё



Муҳаммад Ҳакимов, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и шаҳри Бохтар, дӯстдори фанни география аст. Ӯ мегӯяд, ки меҳри фанни географияро аз овони кӯдакӣ падараш дар қалби ӯ ҷой кардааст.

Ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ бо кумаки падар пойтахти зиёда аз 150 давлатро медонист. Муҳаммад ғайр аз ин кор боз глобус ва харитаро хуб медонад.

Ҷонишини директор оид ба тарбияи муассиса Зебуннисо Қосимова изҳор дошт, ки Муҳаммад ғайр аз фанни география дар фанҳои дигар низ фаъол мебошад. Дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои муассисавӣ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ хушахлоқ ва ҳамеша аз пайи хондан аст. Таълиму тарбияи хуб дорад. Ҳамсинфонаш мегӯянд, ки Муҳаммад Ҳакимов дар омода кардани дарсҳо ба онҳо кумак мерасонад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода