Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 582
Исматулло Умаров варзишгар аз риштаи дастхобонӣ (armwrestling) мебошад. Ӯ аз соли 2013 инҷониб 8 маротиба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштааст.
Исматулло Умаров 25 сол дорад, Ӯ номзад ба Устоди варзиш оид ба дастхобонӣ ва мураббӣ дар муассисаи давлатии мактаби варзишии № 1-и вилояти Хатлон мебошад.
-Давраи наврасиам бештар ба оворагардӣ машғул будам. Рӯзе бо устоди варзиш Марат Идрисов вохӯрдам. Устод маро ба толори варзиш даъват намуда гуфтанд, ки аз ин оворагардӣ манфиате намегирӣ, хубаш омада, ба варзиш машғул шав, шояд дар оянда номбардори Тоҷикистон гардӣ. Ин суханони устод маро ба ваҷд оварда, дар вуҷудам оташе аланга зад, ки ман бояд варзишгар шавам ва маҳз дар риштаи дастхобонӣ. Зеро аз хурдиам бо кӯдакони ҳамсоя ба ин намуди варзиш машғул мешудем. Аз ҳамон замон сар карда, то ҳол ман ҳар рӯз ба толори варзишӣ омада тамрин мекунам.
Исматулло Умаров зодаи шаҳри Бохтар буда, МТМУ-и шаҳри Бохтар ва пасон литсейи касбию техникии шаҳри Бохтарро бо ихтисоси чӯбтарош, бинокор хатм намуд. Феълан, донишҷӯи курси дуюми факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Ӯ нозукиҳои равияи варзиши дастхобониро чунин маъниндод намуд: “Дастхобонӣ намуди варзиши осебпазир мебошад. Варзишгар дар ҳолати қувваозмоӣ метавонад осеб бардорад, ки ин аз ҳисоби кам тамрин кардан, ё тамрини нодуруст мебошад. Ҳангоми тамрин ҳаракати ҳар як ангушт метавонад ба варзишгар неру диҳад. Махсусияти дигари ин намуди варзиш дар он аст, ки мо бо ҳар ду даст қувваозмоӣ менамоем, яъне ҳам бо дасти рост ва ҳам бо дасти чап”.
Қаҳрамони мо дар якчанд мусобиқаи давлатҳои Осиё ширкат варзидааст. Дар мусобиқаи навбатӣ, ки дар шаҳри Аҷмани Аморати Муттаҳидаи Араб миёни 19 давлати Осиё дар вазни 80 кг баргузор гардид, иштирок намуда, бо дасти чап бо 16 нафар, бо дасти рост бошад, бо 18 нафар қувваозмоӣ намуд. Дар натиҷа бо дасти чап мақоми 2-юм ва бо дасти рост мақоми сеюмро сазовор гашта, медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст овард.
Чемпионати баъдӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар Фаронса миёни 60 давлат баргузор мегардад. Ӯ ба ин Чемпионат тайёрии ҷиддӣ дида истодааст. «Шабу рӯз дар толори варзишӣ тамрин менамоям, то парчами Тоҷикистони маҳбубамро миёни давлатҳои ҷаҳон баланд бардорам», - мегӯяд Исматулло Умаров.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқот бо ҷавонон таъкид менамоянд, ки тавассути варзиш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба шарафи онҳо парчами Тоҷикистон дар давлатҳои ҷаҳон баланд бардошта мешавад.
- Ман тамоми талоши худро ба харҷ медиҳам, то дар муаррифии Ватани азизам амали шоистае карда бошам, - мегӯяд Исматулло.
Фарида БАРОТОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...