Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Камхунӣ сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз он


Камхунӣ сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз он



Анемия (камхунӣ), ин кам шудани миқдори гемоглобин дар организм мебошад. Хунравии шадид ва музмин (дар натиҷаи ягон намуди ҷарроҳӣ, садама); бемориҳои меъдаю рӯда-захми меда, гемарой; бемориҳои занона, аз ҷуала ҳайзи бардавом, исқоти ҳамли номатлуб, ки ба хунравӣ оварда мерасонанд, фосилаи байни таваллудро риоя накардан сабабҳоеанд, ки камхуниро ба вуҷуд меоранд.

Аз ин сабаб занҳо нисбати мардҳо бештар ба камхунӣ гирифтор мешаванд. Сабаби дигари камхунӣ ин вайроншавии гормонҳо, пайдошавии омосҳо ва норасоии микроэлементҳо (камхунии камоҳанӣ, камхунии витамини В12 ва норасоии туршии волат) ва дигар микроэлементҳо мебошанд. Инчунин, заҳролудшавии бадан, бемории гурда сабабҳои камхунӣ мешаванд. Аломатҳои камхунӣ ин дарди сар, чархзании сар, мондашавӣ, беиштиҳоӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дар баъзе мавридҳо, нафастангӣ мебошад.

Дигар аломатҳое, ки ба камхунӣ алоқаманд мебошанд, ин рехтани мӯйи сар, сафедшавии он, сафедчатобии пӯсти бадан, карахтшавии дасту пойҳо ва инчунин, хунукхӯрии дасту пойҳо, дар вақти кори ҷисмонӣ таппиши зиёди дил ва арақкунию фаромӯшхотирӣ аст. Вақте ки ин нишонаҳо пайдо мешаванд, ҳатман ба табиби минтақавӣ муроҷиат намуда, бояд таҳлили умумии хун супорида шавад. Яъне, пеш аз табобати камхунӣ сабаби онро муайян кардан лозим аст.

Роҳҳои пешгирии беморӣ инҳоянд: истифодаи хӯроки серғизо (истеъмоли гӯшт, меваю сабзавот ва донагиҳо); дар вақти истеъмоли хӯрок аз нӯшидани чой ва қаҳва худдорӣ кардан; бештар истифода бурдани меваҷоти хушк; риоя намудани фосилаи таваллуд; сари вақт табобат намудани бемориҳои рӯдаю меъда.

Чи тавре ки дар урфият мегӯнд, табобати беморӣ дар дасти худи бемор аст. Ба талаботи тиббӣ риоя намуда, худро аз ин беморӣ эҳтиёт кунед.

Сарвиноз Тағоева,
табиби оилавии КАТС-и
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода