Ҷавонон – ояндаи миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 424
Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода буд, кӯшишҳои зиёд намуда, барои таъмини сулҳу бехатарию зиндагии озодонаи ҳар як фарди кишвар заҳматҳои зиёд кашидааст.
Дар қатори ин барои ободии кишвари азизу маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои бузург намудаанд. Маҳз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин як ҷаҳон фараҳу шодӣ барои ҳар як ҷавони кишвар буд. Ҷавонони кишвари мо пеш аз оне, ки мехоҳанд ба ояндаи Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошанд, бояд кӯшиш намоянд, ки муассисаҳои таълимиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, таҳсили худро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд. Ҳар як ҷавони кишвари мо ҳаққи хизмат кардан ба падару модар, инчунин ба Ватани хешро дорад. Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз рӯйи нодонии худ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил гардида, зиндагии ширини худро ба коми бадбахтию нокомӣ мебаранд.
Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои бадхоҳ шомил мегарданд, онҳо натанҳо ояндаи хешро тира месозанд, балки падару модари худро низ ба маҳзунию сиёҳии рӯзгор мерасонанд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, ки қадру қимати худро дар назди падару модар ва аҳли ҷомеа гум накарда, аз тамоми шароитҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо фароҳам овардааст, хубтару беҳтар истифода баранд.
Хурсандмурод ФАҚИРОВ,
омӯзгори факултети филологияи тоҷики
ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...