Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СЕГОНИКҲОИ ХУРОСОНӢ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ НАМУД


ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СЕГОНИКҲОИ ХУРОСОНӢ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ТАҚДИМ НАМУД


Соли 2009, дар рӯзҳое, ки олами Ислом 1310-солагии бузургдошти имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собитро ҷашн мегирифт, дар хонадони сокини деҳаи Бӯрёбофони Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон Иброҳим Боймаҳмадов якбора 3 тифли дӯстрӯяк-2 писарча ва як духтарча ба дунё омаданд.

Падару модари хушбахт Иброҳим ва Марҳабо Боймаҳмадовҳо, бобою бибиҳои тифлони навзод, дигар хешону наздикони ин нафарони хушпайиқадам, ки аз пайравони содиқи мазҳаби Ҳанафия ба шумор мераванд, таваллуди тифлакони ширинро дар рӯзҳои фархундаи ҷашн фоли нек ва ҳадяи Худо дониста, ба сегоникҳо номи арзандаву муносиб гузоштанд. Ба писарҳо Имому Аъзам ва ба духтарча Бибиҳанифа номгузорӣ намуданд.

Баъди ба дунё омадани сегоникҳо шумораи фарзандони ин хонадон ба 6 нафар расид. Ҳамон рӯзҳо хабарнигорони рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба табрики ин хонадони хушбахт рафта, мушоҳида намуданд, ки оянда ин хонадони одии деҳотӣ, тифлони онҳо ба кумаку дастгирӣ, махсусан ба хонаи истиқоматӣ, сахт ниёз доранд.

...Аз он рӯйдоди хурсандибахш беш аз 10 сол гузашт. Ҳоло Имом, Аъзам ва Бибиҳанифа мактабхонанд, дар синфи чорум таҳсил мекунанд. Мо тасмим гирифтем дар ин рӯзҳои омодагиҳо ба ҷашни бузург 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ таҷлил мегардад, аз ҳолу аҳволи кунунии сегоникҳо хабар бигирем. Дар ин сафар моро бобои  кӯдакони некрӯз (падари модарии кӯдакон) Ҷаббор Обидов, нафақахӯр, собиқ корманди милиса, роҳбаладӣ кард. Ӯ  дар рафти суҳбат аз он рӯзҳои тавлиди сегоникҳо ёдовар шуд ва дар чашмонаш ғайриихтиёр ашк ҳалқа зад. Бобо нишонаи миннатдорӣ аз Пешвои миллат бо самимияти бепоён ҳарф зада, аз ҷумла чунин изҳор дошт:

-Он рӯзҳои ба дунё омадани сегоникҳо ҳаво сарду сербориш буд. Азбаски бинои хона куҳнаву фарсуда шудаву тангу торик ва намгирифта буд, ба саломатии тифлакон бетаъсир намонд. Чанд муддат онҳоро дар хонаи худам оварда нигоҳубин кардам. Шукри Парвардигор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи ҷавонро бо мушкилоти зиндагӣ яккаву танҳо нагузошт ва ба  ғамхории падарона фаро гирифт. Пешвои миллат аз маҳаллаи навбунёди Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Айнии ноҳияи Хуросон, ки барои мардуми аз офати табиӣ-селборону фаромадани лойқа зарардида арзи ҳастӣ кард, хонаи 5-ҳуҷрагии замонавӣ ва дорои тамоми ҷиҳози рӯзгор туҳфа карданд.

Ашхоси саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои вилоятӣ низ иқдоми хайрхоҳонаи Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, сегоникҳоро бо сарулибос ва   аробачаҳо, инчунин, оилаи хушбахтро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд.

Вақте ки мо ба хонадони сегоникҳо расидем, онҳоро рӯйи ҳавлӣ машғули бозӣ дарёфтем. Бо онҳо суҳбат ороста аз таҳсил ва шароити зиндагиашон пурсон шудем. Онҳо аз шароити хуби таҳсил ва зиндагӣ ширин-ширин ҳарф зада, бо як ифтихори баланд гуфтанд: “Мо наберагони Эмомалӣ Раҳмонем, ӯ бобои ширини мо мебошад, ба мо ин хонаро туҳфа кардааст, то дар шароити хуб зиндагӣ кунему мактаб хонем”.

Дар хона ҳузури модари сегоникҳо Марҳаборо надида, дар куҷо буданашро пурсон шудем. Бобои Ҷаббор ба сукут рафт, аз дидагонаш ашк ҷорӣ шуданд. Бо овози ларзон: “Духтарам ҷавонмарг шуд, рӯйи кӯдакони ширинашро ба серӣ надида, дар ибтидои соли 2020 аз олам даргузашт”. Хабари ин мусибат моро низ ғамгин намуд. Бобои Ҷаббор суханашро боз идома дод: “Духтарам шабу рӯз шукронаи Пешвои миллат, инсони мардумпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекард, барои ғамхориву дастгириҳояш арзи сипос менамуд. Ҳадяи Ҷаноби Олиро “Хонаи меҳр” унвон карда буд, меҳри Сарвари давлат ба сегоникҳо ва  таваҷҷуҳ ба як оилаи одии Тоҷикистони азиз. Акнун хотирамон осудаву диламон пур аст, ки дар гирдоби мушкилоти зиндагӣ танҳо нестем, Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ғамхору сарпаноҳи мо аст”, мегуфт Марҳабо. Ҳақ ба духтарам буд. Сокинони шарифи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти мардумӣ хонданд ва бо ин фарзанди фарзонаи миллат ифтихор доранд. Пешвои миллат офтобест, ки нурҳояш қалбҳоро гарму манзилҳоро рӯшан мекунад ва ба кас неру мебахшад. Ҳар вақте ки аз боби ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо, аз миллати тамаддунофари тоҷик, сулҳу ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Рушди кишвар, зиндагии шоистаи мардум, ободониву созандагиҳо низ, ба Пешвои миллат марбут аст.  

Дар анҷоми суҳбат бобои Ҷаббор даст ба дуо бардошта, эҳтирому эътимоди хешро чунин баён намуд: “Барои ғамхориҳои падарона аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, аз ӯ ифтихор дорем. Шукрона мекунем, ки барои мо шароити хуби зиндагиро муҳайё намудааст. Зиндаву ҷовидон бимонӣ, Пешвои муаззами мо!”

 

Саттор Қарахонов,

«Хатлон»

Аксбардор М. Ашӯров

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода