Устоди рӯзноманигорон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 385
Аввали солҳои ҳаштодум донишҷӯи филиали Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа будам. Гоҳ-гоҳе шогирдона хабар ё лавҳае навишта, ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира “Хатлон”) мебурдам. Навиштаҳоямро таҳрир мекарданду дар рӯзнома чоп мешуданд.
Донишкадаро хатм намудаму бо роҳхат ба мактаби деҳа ба кор омадам. Ҳамзамон, ҳамкориам бо рӯзнома идома дошт.
Як бегоҳии моҳи январи соли 1986 мухбирони рӯзнома Ғулом Соҳибов ва Абдувалӣ Абдувоҳидов (равонашон шод бод) ба деҳа, хонаи мо омаданд.
-Моро муаллим фиристонданд. Ба кори рӯзнома даъват мекунанд, - ба сари мақсад омад Ғулом Соҳибов.-Ҳоло ҷойи холии мухбир мавҷуд нест. Вале ҳисобчии шуъбаи мактубҳо холӣ. Муаллим гуфтанд, ки як муддат дар ҳамин вазифа кор мекунед, баъд ҷой, ки холӣ шуд, ба кори эҷодӣ мегузаронем.
Ҳамин тавр, аз кори омӯзгорӣ ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам. Ҳарчанд ҳисобчӣ (корманди техникӣ)-и шуъбаи мактубҳои рӯзнома будам, вале муаллим бовар карда, маро низ ба ҳайси мухбир зуд-зуд ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мефиристонданд. Соли 1988 маро ба вазифаи мухбири рӯзнома тайин намуданд.
Давоми 5-6 соли фаъолият дар собиқ рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (баъдан бо номҳои дигар чоп мешуд) чанд хислати инсонии муаллим Муқим Абдураҳмоновро дарёфтам: роҳбари ғамхор, вале ҷиддӣ буданд, меҳнати заҳматталаби кормандонро қадр мекарданд, ҷавононро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо имконияти эҷодӣ фароҳам оварданро доштанд.
Муаллим худ чунин рисолат доштанд ва ба мо ҳам аз ҳамин рисолат мегуфтанд, ончуноне, ки падар ба фарзанд роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳаду роҳи расидан ба одамиятро.
Ҳамин гуна инсон буданд устоди мо. Ҳамин гуна дар ёду хотири ҳамаи мо мондаанд.
Муқим Абдураҳмонов ҳамин гуна умре ботамкин, ботаҳаммул, умре оромтабиат, умре роҳбари ғамхору роҳнамо, умре муаллими ҳамаи мо ...
Гурез ҚОСИМЗОДА,
муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00