Паёми Президенти кишвар- паёми раҳнамунсоз!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 479
Бо дарназардошти нақши раҳнамунсози Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ва иҷрои банди 1-и нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаҳмонидану шарҳи мазмуну муҳтавои Паём дар байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллективҳои меҳнатӣ, байни аҳолӣ ва ҳамчунин, иҷрои дигар вазифаҳои дар нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат зикршуда ҷиҳати баландбардории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чорабиниҳои зиёди тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар ташкилоту муассисаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, аҳолӣ, байни хонандагону донишҷӯён, ҳамчунин тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монда шудааст.
Дар прокуратураи вилоят нақшаи чорабиниҳо вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, тамоми кормандон вазифадор карда шудааанд, ки моҳияти Паём ва нуқтаҳои асосии онро дар ташкилоту муассисаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, марказҳои таълимӣ, ширкатҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва хоҷагиҳо фаҳмонанд. Дар ин асос махсусан ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, фаҳмонидани моҳияти терроризм ва ифротгароӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, дастовардҳои замони истиқлол, ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, нақши бонувон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, хизмат дар сафи Артиши миллӣ, оид ба ҳифзи муҳити зист, табиати кишвар ва ғайраҳо аҳамияти махсус дода шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқи қонунҳо, аз тарафи сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 М. Нидозода бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ бо ширкати 300 нафар донишҷӯёну омӯзгорони онҳо вохӯрӣ доир карда, мақсаду марому ҳадафҳои сиёсати давлатро дар самтҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла, оид ба пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва саноат, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон фаҳмонида, ба суолҳои ҳозирин ҷавоб гардонида шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки оид ба ин масъала, ҳамчунин дар ташкилоту муассисаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Хуросон ва Ёвон, мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонии №8,19,57-и ноҳияи Хуросон ва №77 ва 80-и ноҳияи Ёвон, шуъбаҳои маорифи ин ноҳияҳо, бо ширкати зиёди кормандони соҳаи маориф, хонандагон ва кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ доир карда шуда, мақсаду моҳияти Паём ва аҳамияти он фаҳмонида дода шуд.
Кор дар ин самт тибқи супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром давом дошта, мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар ин замина оид ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни наврасону ҷавонон аст.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00