Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мулоқот бо намояндагони ҶДММ «ПЭК»


Мулоқот бо намояндагони ҶДММ «ПЭК»



Дар шаҳри Кӯлоб бо намояндагони ҶДММ «ПЭК»-шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷиҳати ба кор ҷалб намудани сокинон мулоқот доир гардид.

Қобили зикр аст, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «ПЭК»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия 30 январи соли 2019 ба имзо расида буд.


Дар асоси ин созишномаҳо ширкати мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати ба кор ҷалб намудани сокинони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор намуд. Бояд гуфт, ки ҶДММ «ПЭК» яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, дар минтақаҳои ин давлат зиёда аз 300 филиали он фаъолият менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода