Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ХОТИМА НАЁФТААСТ

Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният

ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ХОТИМА НАЁФТААСТ

Соли 2020-ум аз ҷониби кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар самти назорати замин дар бораи бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 116 санҷиш гузаронида, 3 ҳазору 711 санади прокурорӣ бароварда шудааст. Шумораи умумии санадҳои эътиноӣ нисбат ба соли 2019-ум 1 ҳазору 155 адад ва парвандаҳои ҷиноятӣ 81 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ   2 ҳазору 92 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуд. Зикр гардид, ки барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҳолати ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин парвандаҳо 112 ҳолат нисбат ба мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ мебошад. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда ва ғайриқонунӣ тақсимгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби гурӯҳи кории прокуратураи вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 300 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хизматӣ, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани ҳолати заминҳо ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи замин ошкор гардида, нисбат ба 12 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шуд ва боқӣ парвандаҳо дар арафаи анҷомёбии тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволҳои намояндагони ВАО зикр гардид, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон 6 ҳазору 991 ҷиноят ба қайд гирифта шуда шумораи парвандаҳои ҷиноятӣ дар нисбат ба соли 2019-ум 1 ҳазору 333 ҳолат ё 23,5% зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки 34,5 дарсади ин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.

Ҷамолиддин Сайфиддин, 

«Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода