Ҳамноми оҳангсоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 425
Санҷиш як навъ воситаи муайянсозии дониш буда, он ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ оғоз ёфтаю то хатми донишгоҳу донишкадаҳо давом мекунад. Ҳатто дар аспирантураю докторантура низ олимон савияи донишу малакаи шогирдонашонро якзайл санҷида меистанд, зеро ҳамин, ки хари одамон ба қавле аз лой гузашт, фориғболу бепарво мешаванд. Ҳарчанд дар истеҳсолот кор кунанд ҳам, навгониҳои соҳаашонро кам меомӯзанд. Парво надоранд, ки дар дунёи равшан дигар чи гапу калоча аст. Барои ҳамин, бо мақсади санҷидани донишҳои тахассусӣ, фарҳангӣ, сиёсию одоби хизматчии давлатӣ дар зарфи ҳар панҷсола як маротиба дар корхонаю муассисаҳо аттестатсия гузаронида мешавад.
Дар ин маврид дар ҳар соҳа аъзоёни комиссия аз ҳисоби ашхоси пуртамкину босабр, ҳалиму меҳрубону хоксор, вале сахтгиру серталаб интихоб гардида, дониши кормандонро холисона бо элак бехтаю бо гуфте онҳоро аз сӯрохи сӯзан мегузаронанд.
Чунин санҷиш боре дар яке аз идораҳо гузаронида шуд. Кормандон баъзе ҳуҷҷатҳои барояшон заруриро ба даст гирифта, дар пушти дар ларзида навбат мепоиданд. Бо ҳазору як эҳсосот ба назди аъзоёни комиссия даромада, аз он ҷо баъзеашон ханда дар лаб гул карда мебаромаданд. Бархе сархаму саркашол берун гашта, баҳонаи кампир «ҷавину ҷурғот» гуфтагӣ барин даъво мекарданд, ки гӯё ба саволҳо ҷавоб доданду лекин санҷишгарон нисбаташон ноҳаққӣ карданд.
Навбат ба Насимбек ном ҷавоне, ки мағруру ҳавобаланд буду ҳеҷ чизро намедонист, расид. Вай ба саволҳои аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ ҷавобҳои хому хатала дода, гумон дошт, ки даҳони санҷишгарон воз мемонад, вале хестӣ, ки хобӣ! Онҳо бедонишии ӯро пай бурда, якзайл бо аломати таассуф сар меҷунбониданд. Чун диданд, ки Насимбек дониши кофӣ надорад, хостанд маърифати фарҳангии вайро санҷанд. Яке аз аъзоёни комиссия ба ӯ савол дод, ки муаллифи Суруди миллӣ кист? Насимбек пакар шуду «му… муаллиф»,-гӯён аз аъзоёни комиссия пурсид, ки он чи калима аст, чунки онро дар умри сараш нашунидааст.
- Муаллиф, яъне нависандаи суруд,- ҷавоб дод ҳамон марди саволдода ва илова кард, ки дар ин ҷо он як навъ синоним шудааст.
- Синоним-пинонимаш боз чист? -теғи нигоҳ кашид ба сари аъзои комиссия Насимбек. -Аҷаб калимаҳои нестандарҷаҳонеро фикр карда мебароред, ки онҳо ҳатто дар пушти кӯҳи Қоф нестанд.
Монанди барандаи намоиши «Поле чудес» -и телевизиони Россия Леонид Якубович аъзои комиссия хост ба вай ёрӣ расонад, то номи муаллифро ёбад. Бинобар ин, аз ӯ пурсид, ки дар баҳор чӣ мерӯяд?
- Гул, -нимғурма ҷавоб дод Насимбек.
- Офарин, вайро шерак карданӣ шуд саволдиҳанда, ки гумон дошт ҷавон ба эҳсосот дода шудаю номи муаллифро аз хотир баровардааст, зеро ба ин савол мурдаҳои садсола низ бо осонӣ ҷавоб дода метавонанд ва боз тагкобӣ намуд, ки ба гулҳо одамон чӣ кор мекунанд?
- Чӣ кор мекардаанд, дарза намуда, бурда дар бозор обулой мекунанд, - ҷавоб дод Насимбек ба содагии саволи аъзои комиссия хандида.
- Нахустин бори ба боғ даромадан чӣ? -боз пурсид саволдиҳанда.
Яке аз аъзоёни комиссия тоқат карда натавонисту луқма партофт, ки бори аввали ба боғ даромадан одамон ба гулҳо назар менамоянд. Агар мисли кроссворд он ду калимаро ёфта, бо ҳам ҷамъ кунед, номи нависанда бароятон оина барин равшан мешавад.
-Ҷамъу тарҳ ин ҷо чӣ номаъқулӣ мекунад?
-ҳайрон шуд Насимбек.
Аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ диданд, ки аз вай ҳамду саное намебарояд, хостанд думи ӯро тезтар гиреҳ кунанд, чунки дар пушти дар одамон бисёр буданду вақт кам, лекин ногоҳ яке аз онҳо ба Насимбек боз савол дод, ки оҳанги Суруди миллиро, ки навиштааст?
Сардори идора Сулаймон ном марде, ки ҳамроҳи аъзоёни комиссия дар минбар менишасту аз ин бесаводии коргари бефаҳму фаросаташ сахт дар хиҷолат монда буд, хост ба вай кумак намояд. Ноаён ангушти ишоратиашро ба кундики сина пахш намуда, бо сар ба худаш ишора кард, то коргараш аз ҳамном будани ӯ бо оҳангсоз рамуз гирифта, номи муаллифи оҳанги Суруди миллӣ Сулаймон Юдаковро ба хотир биёрад, лекин ҳайҳот. Ҷавон аз ин ба таври худ хулоса баровард.
- Онро ана ҳамин акаи Сулаймон навиштааст, -гӯён мағрурона Насимбек бо ангушт сардори идораашонро нишон дод.
Мавҷи ханда толорро тарконд…
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00