Шаҳри пур аз ёдҳо
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 667
Водии Норакро одамон ҳанӯз пеш аз солшумории мо дӯст доштаву барои истиқомат интихоб карда будаанд. Бошишгоҳи одамони он замонро соли 1956 бостоншиноси ленинградӣ А. П. Виноградов кашф мекунад. Ӯ дар наздикии Пули Сангин - деҳаи Тутқавули куҳна ашёи инсони асри сангинро меёбад . Солҳои 1963-1969 шогирди академик Окладников – бостоншиноси шинохтаи душанбегӣ Вадим Ранов дар воҳаи Тутқавул ҳафриёти археологӣ гузаронда, беш аз 40 ҳазор олоти сангини одамони давраи ибтидоиро пайдо мекунад. Ин ашёҳо ба одамони мансуби қабилаҳои неометӣ, ки дар ҳазорсолаҳои 6-2 -и пеш аз милод дар ҷануби Тоҷикистони имрӯза мезис-танд, тааллуқ доштанд. Сиёҳ ибни Рустои араб 912 сол қабл аз солшумории исавӣ ба Осиёи Миёна сафар карда, ба дараи Пули Сангин ҳам меояд.Ӯ манзараи афсунгари ин ҷоро дида мафтун мешавад ва менависад: «Наҳри Вахш аз тангнои ду кӯҳ ба атроф ғулғула андохта мегузашт. Дар болои тангно як санги калони дароз ба ду болои кӯҳҳо ҳамчун пул гузошта шудааст». Аз нигораҳои дар Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» мавҷудбуда бармеояд, ки айни ҳол дар шаҳр 22 иншооти меросиву таърихӣ ва 25 оромгоҳ ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии майдони онҳо 23,87 гектар мебошад. Ҳамаи ёдгориҳо аз тарафи нозири ҳифзи ёдгориҳо ба қайд гирифта шудаанд. Осорхона дар бораи оромгоҳи бузургон-Ҳоҷӣ Абдулҳайи Балогардон, Эшони Мирзоюсуф, Сӯфӣ Зокир, Хоҷа Сурхпӯш, Амири бузург, ки дар шаҳри Норак ҷойгиранд, маълумот ҷамъоварӣ кардааст. Меҳмонону сайёҳон дар ҳоли дидан намудан аз ин шаҳри сабзу хуррам метавонанд аз маълумотҳои ғановатманди осорхонаи мазкур истифода баранд.
Гурез ҒУЛОМОВ,
мушовири шуъбаи маориф
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
16-01-2021, 08:00