Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...


БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...


Дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак кор карданашро соли аввал набошад ҳам, рости гап, дар ҷойи нав ва дар вазифаи нав кор кардан барои Фаридун сараввал душвор афтод. Ҳайати нав, вазифаи нисбатан масъулиятнок, сарварӣ ба 18771 нафар ҷавон, албатта, кори осон нест. Вале «мушкиле нест, ки осон нашавад», гуфтаанд. Мушкилоти кори ӯ ҳам, тавассути кӯшишу меҳнат осон шуд. Таҷрибаи кори дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъ-аовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯхтааш кор дод. Фаъолияти ҷамъиятии Фаридун Ҳусейнзода дар соҳаи кор бо ҷавонон ҳанӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил карданаш оғоз гардидааст. Ҳангоми таҳсил вазифаи волонтёри бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба уҳдааш вогузор шуда буд. Солҳо паси ҳам гузаштанду ӯ донишҷӯ гардид. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раёсати Агентии болозикр адои хизмат намуд. Баъдан Фаридун ҳамчун нозири хазинадори филиали «Амонатбонк» чанд муддат ифои вазифа дошт. Фаъолияти хуби ин ҷавони кордонро ба инобат гирифта, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таъйинаш карданд. Фаридун ҳамчун мудири бахш тавонист фаъолияти кории худро бо тарзу усули нав ба роҳ монад. Ӯ дар ин бобат бештар кӯшиш ба харҷ дод, то дурри мақсуд ба каф ояд . Ба қавли шоир:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад. 

Фаридун Ҳусейнзода ҷавони бофарҳанг, ҳалиму   ботамкин аст. Ӯ бо ҷавонон пайваста дар муошират буда, дардошнои онҳост.  

Ба андешаи ман, агар хислатҳои Фаридунро таҳлил кунем, маълум мешавад, ки ӯ нисбат ба ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд, дилсӯзу дардошност. Фаридун Ҳусейнзода дар муддати фаъолияти хеш як идда корҳои хубу назаррасро ба иҷро расондааст . Ҳамчун мудири бахши шаҳрӣ дар қатори дигар бахшҳои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, ки макони чорабиниҳои ҷавонон аст, аз бурду бохт, дастоварду муваффақиятҳои ҳамкорону ҳамсолонаш бештар меҷӯяду меҷӯяд. 

- Таваҷҷуҳи Acocгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон маънии эътимод ва боварӣ ба насли ояндаи мамлакатро дорад. Сарвари давлат аз ҳамаи мушкилоти ҳалталаби ҳаёти ҷавонон комилан воқиф аст. Бояд хотирнишон кард, ки ҳалли мушкилоти ҷавонон аз худи мо низ вобаста мебошад. Умдатарин мушкилоти имрӯзаи ҷавонон муҳайё сохтани ҷойи кор ва гирифтани пеши роҳи ҷинояткориву нашъамандӣ миёни онҳост, - мегӯяд Фаридун Ҳусейнзода. 

Бахши мазкур фаъолияти хешро дар ҳамин замина роҳандозӣ намуда, дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот ва дастгирии раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод баҳри ҳалли масъалаҳои ёдшуда ҳамарӯза кор мебарад. Дар ҳамин пайвастагӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шуданд, ки ба тарбияи ҷавонон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштани анъанаҳои миллӣ нигаронда шудаанд.

Хуррамии дил зи варзиш аст ва ҷалби ҷавонон ба варзиш онҳоро рӯҳану ҷисман обутоб дода, аз амалҳои ноҷо бозмедорад. Иштироки фаъоли хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳр дар мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ, ки бахши кор бо ҷавонон ташкил намуд, далели ин гуфтаҳост. Мусобиқот дар се давр баргузор шуд ва ғолибон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон сарфароз гардиданд. 

Метавон гуфт, ки ҷавонони шаҳри Норак дар пешрафт ва тараққиёти ҷомеаи мутамаддини демокративу дунявӣ, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъ-иятӣ, илму фарҳанг, маорифу сиёсат, иқтисоду иҷтимоиёт бо неруи дучанду тоза ҳиссагузоранд. Зеро ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи миллатанд. 

Фаридун Ҳусейнзода дар суҳбат бо мо зикр кард, ки ҷавонони Норак чун тамоми ин диёри зебоманзар ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд ва тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри боз ҳам ободу зебо намудани кишвар сафарбар кардаанд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият доранд ва меҳнати фидокоронаи онҳо баҳри шукуфоии диёр беҳтарин дастовез ба ҷашн  аст. 

 

Ҳусейн МИРЗОЕВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода