Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Омодагӣ ба озмуни «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»


Омодагӣ ба озмуни «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»



Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба озмунҳои дарпешистода, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” омодагиҳо ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Ҳамадонӣ, шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истода, доталабон барои иштирок дар озмун омодагӣ мебинанд.

Гурӯҳҳои кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд. Қайд карда шуд, ки дар айни замон бояд иштирокчиёни эҳтимолии озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муайян карда шаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих, доир мегардад.

Фарида Баротова, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода