«Бо роҳи панди падар»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 585
Дар нашриёти «Балоғат»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бо роҳи панди падар» китоби собиқадори матбуоти тоҷик, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» Шералӣ Яҳёев ба табъ расидааст.
Ин китоб, ки аз 300 саҳифа иборат аст, меҳрномаи дӯстон, ҳамкорон ва ҳамкасбони муаллифро фаро гирифта, дар он, инчунин, мақолаҳои публитсистӣ, очерку ёддоштҳои Шералӣ Яҳёев ҷой дода шудаанд. Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода дар пешгуфтори китоб навиштааст: «Дар ҳар мақолаи Шералӣ Яҳёев як сухани тоза, як андешаи ҷолиб, як далели обнарасида, ки хонандаро ба андеша водор намуда, дар ӯ ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандориро парвариш менамояд, мушоҳида мешавад».
Қобили зикр аст, ки собиқадори матбуоти тоҷик, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, дорандаи ордени рӯзномаи «Дӯстӣ», Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Шералӣ Яҳёев дар солҳои 1993-2005 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» буд.
Мутолиаи китоб барои публитсистон, муҳаққиқони соҳаи рӯзноманигорӣ ва доираи васеи алоқамандони сухан ҷолиб хоҳад буд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00