Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин»


«Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин»


Бахшида ба 1050-солагии яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕ СКО шомил гардидааст, идораи рӯзномаи “Хатлон” дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодиро таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин» эълон мекунад.

Дар озмун журналистон, муҳаққиқон, таърихшиносон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандон иштирок карда метавонанд. Иштирокдорон метавонанд, мақолаҳои худро дар доираи жанрҳои публитсистӣ омодаву пешкаш намоянд. 

Маводҳои пешниҳодшаванда оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмии ин олими Машриқзамин, саҳми ӯ дар рушди илмҳои риёзӣ, фалсафа, табиатшиносӣ, тиб, ситорашиносӣ, ҷомеашиносӣ бошад. Мақолаҳо дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.

Иштирокчиёни озмун метавонанд, мақолаҳои худро ба унвонии почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод кунанд. 

Озмун то 1 марти соли 2023 идома меёбад. Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ қадр карда мешаванд.

МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 2 000 сомонӣ
Барои ҷойи дуюм – 1 500 сомонӣ
Барои ҷойи сеюм – 1 000 сомонӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода