Зиракии сиёсӣ мебояд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 601
(Дар ҳошияи ҳодисаву воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳони имрӯза ва қаблан ба сари миллатомада)
Чун ба пешравиҳои кишвар назар меафканӣ, вуҷудатро ифтихору сарбаландӣ фаро мегирад. Имрӯз дар кишвар ободию созандагӣ, рушду пешравӣ дида мешавад. Дар вақтҳои истироҳатӣ ба боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва гулгаштҳои зебо, ки қариб дар ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат ба тарзи муосир сохта шудаанд, ҳамроҳи аҳли оила рафта, аз зебогиву сарсабзии маконҳои болозикр рӯҳи кас болида мегардад.
Дар ҳама самту соҳаҳо бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳо дида мешаванд, ки ин аз бунёди мактаби устувору бонизоми давлатдории Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.
Мо – ҷавонони Тоҷикистон аз хушбахттарин ҷавонони дунё ба ҳисоб меравем. Зеро, аз аввали даврони соҳибистиқлолии мамлакат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бунёди донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу марказҳои варзишӣ ва ғайраҳо бо мақсади шароит муҳайё шудан баҳри саводнок гардидану обутоб ёфтани рӯҳу ҷисми ҷавонон рӯи даст гирифта мешаванд. Маҳз, чунин дастгириҳо мебошад, ки имрӯзҳо ҷавонони бонангу номус ва донишманду болаёқат бо истифода аз шарту шароити муҳайёшуда дар мусобиқаҳои илмиву варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро касб намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Бо шарофати мустақилият занону бонувон сиёсатмадор, омӯзгор, иқтисодчӣ, варзишгар, ҳунарманд, дӯзанда, пазанда, кишоварз, роҳбарони ташкилоту муассиса ва шаҳру ноҳияҳо шуда, фаъолият доранд. Яъне, хушбахтона, зан ба давлат ёр шудаву нақши барҷастаи онҳо дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишии диёр дида мешавад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ натиҷаҳои хуб ноил шудем.
Ҳар он дастоварду муваффақиятҳо аз худи мо ва ба фоидаи мо аст. Аммо, ин набояд маънои онро дошта бошад, ки бо ҳамин қаноатманду худро роҳат биҳисобем.
Агар ба саргузашти миллатамон, хусусан дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, аз манфиат берун нахоҳад буд. Чун бо наомӯхтани гузашта мо имрӯзу ояндаи худро сохта наметавонем.
Баъди фано гаштани Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овардем. Инак, зиёда аз се даҳсола ҳаст, ки мо – тоҷикон аз соҳибистиқлолии худ ҷашн мегирем. Чун огаҳи дорем, истиқлолият сабук ба даст омода бошад ҳам, аммо нигоҳ доштани он кори саҳлу осон набуд. Инро солмандони мо бештар дар худ эҳсос кардаанду аз ҳама хубтар медонанд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъ дар мамлакат ноором шуд, дар натиҷа ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад.
Дар хомӯшсозии алангаи оташи даҳшатбори дар он шабу рӯзҳо бамиёномада нақши муҳимро баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозид. Иҷлосияи тақдирсозе, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Хуҷанд доир шуд, дар роҳи қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид намуд.
Оре, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навро ташаккул ва тақвият дода, ба эҳёи фарҳангию таърихии халқ ва мамлакат оғоз бахшид. Бурди бузурги Иҷлосияи сарнавиштсоз дар он буд, ки ба майдони сиёсат сарвареро, ки беш аз ҳазор сол интизораш будем, фарзанди шоиста ва фарзонаи халқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард.
Қарор дар бораи ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, ҳамзамон, Сардори давлат интихоб шудани ӯ мақоми аввалиндараҷа касб намуд. Мо имрӯз бо гузашти зиёда аз сӣ сол бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муқтадири сиёсиро пайдо кард, ки мамлакатро дар ҷодаи инкишоф ва демократия пеш бурда тавонист. Миллат соҳиби Пешвое гардид, ки сулҳу осудагиро дар ҷомеа таъмин карда, обрӯи Ватанро дар саросари ҷаҳон афзун намуд.
Имрӯз бошад, дида истодаем, ки бархе аз давлатҳои бузургтару пешрафта барои пиёдасозии манфиатҳои хеш тарзу усулҳои гуногунро истифода мебаранд, то нақшаҳояшон амалӣ шаванд. Паҳн намудани бемориҳои гуногуни сироятии ба ҷони инсонҳо хатарзо, ҷанг андохтани як миллатро ба миллати дигар бо ҳар баҳона, пинҳонӣ дасти кумак додан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ба ин васила ноором сохтани амнияту суботи гӯшаҳои гуногуни дунё ва ғайраҳо.
Масалан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вайронаҳо ва макони ҷангу хунрезӣ табдил додан, хоҷагони беруна пинҳонӣ бо хоинони миллати тоҷик забон як карда, онҳоро дастгирӣ намуда, баъдан бар зидди Тоҷикистон нигарониданд.
Масалан, ин бори аввал ва ягон ҷои аҷибаш ҳам нест, ки аъзои гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди “Гурӯҳи 24”, ТТЭ «ҲНИ» ва дигарон ҳамешаву ҳамеша норозӣ будану дар ба дари созмонҳои ҷаҳонӣ бечоранолӣ кардан ва давлату миллати тоҷикро сиёҳ намудан ба назар мерасад.
Аҷибаш дар он аст, ки ингуна созмонҳо (манзурам САҲА) роҳ мекушоянд ба якчанд гурӯҳи террористиву бадхоҳ ва раҳгумзада, ки бояд ҳатман сухане бар зидди давлату миллати хеш гуфта бошанду воқеиятҳои корро ҳамеша каҷ нишон диҳанд. Чӣ гуна? Бубинед, ки чанде пеш дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон Конфронси солонаи САҲА барпо карда шуд, ки дар рафти он якчанд фитнагару ҳиллагару зархаридгардида, ба мисоли Ҳусейн Ашӯров, Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, Шодмон Маҳмадуллоев ва чанди дигар ҳаммаслаконашон бо истифода аз минбари ташкилшудаи ба қавле “дилсӯзона” “бологузар” шудаву сиёсати имрӯзаи Тоҷикистонро зери танқид қарор медиҳанд. Ва дар маҷмӯъ бигирем, ҳеҷ масъулияте ба ҷуз гуфтаҳои хушку холии худ надоранд. Бовар кунед, агар, ки дар Конфронси солонаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ё ягон конфронсҳои созмонҳои дигари сатҳи ҷаҳонӣ бо пулу моли хоҷагон лофи ватандорӣ занед, ба ҷуз “лӯхтаку хоин шудан” унвони дигар насибатон нахоҳад шуд!
Чунин ҳолатҳоро дида, метав он хулоса кард, ки чунин созм онҳо барои худ номҳои дилсӯзона касб кардаанд, кораш он фақат дар дохили як давлати дигар фитна ангехтан ва низову бетартибиҳоро ба миён овардан будаасту халос. Агар, ки аз дасти чу нин созм онҳо кори амиқе бар меомад, имрӯз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ингуна мушкил намешуд . (вазъи Афғонистону Ироқу Сурияву Украина ва ғайра дар назар аст).
Бо бардошти сабақ аз гузашта ва дар ҳолати имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро лозим аст, ки дуртар роҳи назар бояд кунем. Чун ҳодисоту воқеаҳои гузашта ва дар ин давру замон ба миёномада моро водор месозад, ки нигоҳи ҳушманду зирак дошта бошем, то сулҳу субот ва сарҷамъии миллатро ҷовидона нигоҳ дорем.
Фирӯз Саймуминзода,
муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00