Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Квотаи президентӣ роҳи сабз аст барои ҷавонони кишвар


Квотаи президентӣ роҳи сабз аст барои ҷавонони кишвар



Яке аз иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 таъсис додани Квотаи президентӣ мебошад. Ин дастгирӣ ва ғамхории бузургест дар ҳаққи мо-ҷавонони кишвар. Хушбахтона, ман низ тариқи Квотаи президентӣ ба ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ихтисоси дӯстдоштаи худ, рӯзноманигорӣ дохил шудаму таҳсиламро идома дода истодаам.

Шумораи онҳое, ки аз ин имтиёзи Пешвои миллат бархӯрдор шуда, соҳибтахассус гардиданд, аз даҳҳо ҳазор нафар гузаштааст. Бахусус, духтароне, ки соҳибмаълумот ҳастанд, дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда истодаанд. Дар оянда низ, дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд муваффақ мегарданд.

Мо - ҷавонон аз падари маънавии худ Пешвои миллат ифтихор дорем ва аз ин иқдоми наҷиби Сарвари мамлакат шукргузорем. Ҳадаф аз ташкили квотаи президентӣ таъмин намудани минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо мутахассисони маълумоти олидор аз ҷумлаи духтарону писарон ва ба низом даровардани ҷараёни қабул ба мактабҳои олӣ аз рӯи квотаи президентӣ мебошад Баъди таъсис ёфтани Маркази миллии тестӣ ба Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Квотаи президентиро ба мавқуф гузоранд, то ҷавонон тариқи системаи нав ба муассисаҳои олии мамлакат дохил гарданд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз даштанд, ки то ҳол дар минтақаҳои дурдасти кишвар ҳастанд, ҷавононе, ки имкони ба системаи Маркази миллии тестӣ низ дохил шуданро надоранд. Аз ин рӯ, ба мавқуф гузоштани ин иқдом роҳ намедиҳам. 

Пешвои муаззами миллат ба ҷавононе, ки тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, таваҷҷуҳи махсуси худ қарор медиҳанд. Дар ҳар як вохӯрӣ бо ин ҷавонони хушбахт таъкид менамоянд: “Ман ба шумо боварӣ намуда, фарзанди худ мехонам, барои ба таҳсил фаро гирифтанатон кӯшиши худро дареғ намедорам. Шумо фақат хонед, соҳибкасб гардед ва ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоед. Барои обод кардани ҳар як ваҷаби хоки Тоҷикистон саҳм гузоред”.

Квотаи президентӣ барои мо - ҷавонон роҳи сабз аст ба сӯйи оянда нек. Дар ивази ин ҳама ғамхориҳои Пешвои маҳбубамон мо низ саъю кӯшиши худро дар самти расидан ба ҳадафҳои олии худ ва ба даст овардани боварии падари маънавиамон, ки бароямон имтиёзҳои зиёдеро ба роҳ мондааст, талош мекунем.  

Фарида Баротова,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода