Сӣ соли вафо ба аҳд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 899
Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар пойдории кишвар, рӯи кор омадани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳам омадани мардум, баргаштани гурезаҳо, қабули Конститутсия ва дигар санадҳои ояндасоз, ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, оромиву осоиштагӣ саҳми бузург дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои амалӣ кардани қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу оштии миллии кишвар мувофиқи ваъдаҳои дар иҷлосия дода ҷони худро борҳо зери хатар гузошта, тӯли солҳои 1992-1997 чандин маротиба барои вохӯрӣ бо мухолифон ба давлати ҳамсояи Афғонистон ва дигар минтақаҳои он замони хавфноки ҷумҳурӣ сафар карда, ба хотири оромии сиёсии мамлакат гузашти зиёд намуданд. Натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат буд, ки тоҷикон 27 июни соли 1997 ба имзои созишномаи сулҳу ризоияти миллии муваффақ гардиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳу ризоияти миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар 3 ҳадафи стратегиро мақсади худ қарор доданд: Таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи 4-уми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишварро идома дода истодааст. Мо ҳамагон аз воситаҳои ахбори омма огоҳ ҳастем, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи бисёри корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Амалҳои азими ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмони мактабу касалхонаҳо, корхонаҳои калону хурди саноатӣ, пулҳо ва роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ идома ёфта, корҳо бобати бунёди неругоҳҳои хурду бузург, алалхусус Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти бузурги аср ва кафолатдиҳандаи бадастоварии истиқлолияти пурраи энергетикии мамлакат мебошад, идома дорад.
Ҳар як фарди солимфикр дарк менамояд, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалӣ намудани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои ниҳоят муҳим меандешанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савгандаш вафо карда, ҳастиашро барои пешравии ватани азизаш бахшид ва ба мардуми кишвар сулҳу ваҳдат ато кард, ки мардум дар як давлати озоду обод, орому осуда шоду хуррам зиндагӣ мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини тинҷию осоиштагии мардуми кишвар, дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон, ободию созандагии кишвар чӣ қадар заҳмат кашидааст ва ин давраро 30 соли вафо ба аҳд номидан мумкин аст.
Тамоми дастовардҳое, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи ин солҳо ба даст овард, маҳз аз баракати ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ҳаст.
Амирхон ШАМСОВ,
вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ш. Шоҳин
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...