Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Пешвои миллат саробони миллат аст


Пешвои миллат саробони миллат аст




Соли 1970 совхоз-техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм намуда, дар даъвати тирамоҳии соли 1971 ба хизмати Ватан-Модар даъват шудам. Мо 150 нафар ҷавонписарон дар Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада будем. Интизори онем, ки кай ба роҳ мебароем. Лаҳзаи гусел ҳам фаро расид, ман бо се ҷавони дигар шинос шудам, ки онҳо: Эмомалӣ, Пирумшоҳ ва Ҳабибулло буданд.

 Соли 1970 совхоз-техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Қӯрғонтеппаро хатм намуда, дар даъвати тирамоҳии соли 1971 ба хизмати Ватан-Модар даъват шудам.

Мо 150 нафар ҷавонписарон дар Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада будем. Интизори онем, ки кай ба роҳ мебароем. Лаҳзаи гусел ҳам фаро расид, ман бо се ҷавони дигар шинос шудам, ки онҳо: Эмомалӣ, Пирумшоҳ ва Ҳабибулло буданд.

Соати сафар фаро расид ва бо падару модарон хайрухуш намуда, 150 нафар ҷавонон ба ҳавопаймо нишастем. Ҳавопаймо ҷониби Новосибирск парвоз кард. Баъди тақсимот моро ба кишвари Хабаровск, ноҳияи Краснофлот оварданд.

Мо-чорнафарон се сол дар флоти ҳарбӣ-баҳрии уқёнуси Ором якҷо хизмат намудем. Дар бронекотер дар як ҳуҷра (кубик) мезистем Эмомалӣ Раҳмон – электромеханик, Пирумшоҳ Хоҷаев – ошпаз (кок), Ҳабибулло Неъматов – пулемётчӣ, ман – моторист будем. Маллоҳоне, ки аз Тоҷикистон буданд, рӯзҳои якшанбе ҷамъ омада, рӯзро бо сурудхонию рақс хушу хурсанд мегузаронидем.

Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарде буд дарёдил, дасткушод ва ғамхор. Дасти кумаки ӯ қариб ба ҳамаи ҳамхизматон расидааст. Соли 1974 ман ва Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои КПСС шудан аризаи навиштем. Ҳамон сол ҳардуямонро барои хизмати намунавӣ ба аъзогии Партияи Коммунистӣ ва бюрои партиявии полк қабул намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон фармону супоришҳои додашудаи командиронро пурра ва аз таҳти дил ба сомон мерасонд. Инчунин аз мо ҳам талаб мекард, ки дар иҷрои фармонҳо доимо тайёр бошем. Боре Эмомалӣ Раҳмон супориши партиявӣ гирифт, ки аз шаҳри Керч (Украина) киштиҳои ҷангиро ба Шарқи Дур раҳнамо бошад ва биоварад. Ӯ давоми чор моҳ дар Керч буд ва аз иҷрои супориш бо сари баланд баромад. Киштиҳо ба уқёнуси Ором ба қисми ҳарбӣ сари вақт оварда шуданд.

Соли 1974 Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан бо унвони старшинаи калон баргашт, барои ташкилотчӣ буданаш бо нишонҳои “Аълочии флоти ҳарбӣ-баҳрӣ” ва “Ҷанговар – варзишгар” сарфароз гардид. Мухбир Э.Чайка дар бораи старшина Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи ҳарбӣ аз фаъолияти корӣ ва ташкилотчигии ӯ навишта буд.

Баъди ба Ватан баргаштан аз хизмати аскарӣ Эмомалӣ Раҳмон-ҳамхизмати мо ба корҳои партиявӣ – хоҷагӣ ҷалб гардид. Инструктори комитети партиявӣ, раиси колхоз дар ноҳияи Данғара кор кард. Дар солҳои навадум сокинони ноҳия номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилии Шӯрои Олӣ пазируфтанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ раиси вилояти Кулоб ва дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин вазифаи пурифтихор насиби ҳамяроқи мо гардид. Дар он солҳои душвори давлатсозӣ аз уҳдаи ин вазифаи масъул ӯ баромада тавонист. Чунки обутоби сиёсӣ, кордонӣ, шинохти ҷамъияту одамон ба ӯ зиндагӣ омӯхта буд.

Соли 1994 аҳли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Мо ба ин муносибат ҳамхизматамонро табрик намудем ва аз хурсандиамон ба ҳаққу ҳамсояҳо, дӯстон мегуфтем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамяроқи мо мебошад.

Ҷаноби Олӣ 18 маротиба ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ дошт. Дар сафарҳояш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ободонии ноҳия диққат медиҳад. Дар ҳар ташрифаш бо ман вохӯрда, аз аҳволу саломатии аҳли оилаам мепурсад ва ҳардуямон суратҳои якҷоя мегирем. Ба ноҳияҳои ҳамсоя ба сафари корӣ ояд ҳам, маро даъват менамояд. Ба ҳозирин аз хусуси дар аскарӣ хизмат намуданамон қиссаҳо мекард, аз дӯстию рафоқат ҳарф мезананд.

Ба ҳамяроқам Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 30-солагии истиқболи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки тақдири халқи тоҷикро сохт, мо ҳамхизматон Пирумшоҳ Хоҷаев (шаҳри Норак), Ҳабибулло Неъматов (шаҳри Ваҳдат) орзу менамоем, ки тани сиҳат ва неруи созанда дошта бошад.

ОдинаҲалимов,
ҳамхизмати Пешвои миллат, сокини ноҳияи Ёвон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода