Оё медонед?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 679
Яке аз калонтарин конститутсияҳои амал-кунандаи олам қонуни асосии Ҳиндустон ме-бошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шудааст. Конститутсияи мазкур аз 117 400 калима иборат буда, бо забоне навишта шудааст, ки на ҳама ба матни он сарфаҳм мераванд.
Куҳантарин конститутсияи то ҳол амалкунандаи ҷаҳон, ки 220 сол қабл қабул гардидааст, ин сарқонуни Амрико мебошад. Конститутсия аз 4,4 ҳазор калима иборат буда, ба он то ин дам ҳамагӣ 27 тағйирот дароварда шудааст. Аҷибаш ин ки дар ягон ҷойи конститутсияи Амрико ка-лимаи демократия истифода нашудааст. Он ҳамчун хурдтарин сарқонуни сайёра эътироф
гардидааст.
Ягона конститутсияе, ки дар он қарори аз ҷанг даст кашидани кишвар ба таври расмӣ сабт шудааст, ин қонуни асосии Ҷопон мебошад. Дар он сабаби рад кардани ҷанг, шикаст хӯрдани давлати Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маънидод гардидааст.
Мувофиқи конститутсия, президентҳои ИМА нисфи рӯз қасам мехӯранд.
Британияи Кабир конститутсия надорад.Нахуст иловае, ки ба Конститутсияи ИМА дохил шуд, чунин буд: “Конгресс набояд ягон қонуне қабул кунад, ки озодии сухан ва матбуот-ро маҳдуд мекарда бошад”...
Дар кӯчаҳои Кембриҷ қонун бозии теннисро манъ мекунад.
Қонуни Италия сураткаширо дар рӯи роҳи мумфарш ба қашшоқӣ баробар медонад.
Аз рӯи қонуни штати Алабама, шудгори замини пахта бо фил манъ аст.
Аз рӯи қонуни Норвегия, хирси сафеди қутбиро фақат дар ҳолати ягон таҳдид кардан ба ҳаёти инсон куштан мумкин аст.
Таҳияи ГЕСУ
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00