Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оинаро кӣ бештар истифода мебарад?


Оинаро кӣ бештар истифода мебарад?



Дар  бораи  он ки  оинаро  бештар занҳо  истифода  мебаранд  ё  мардҳо, ақидаҳо  гуногунанд. 

Ҳар  як  халқу  миллат  дар  ин  хусус ақидаҳои  худро  до-рад.  Пӯшида  нест, ки  ба  оина  аксаран занҳо  сару  кор  доранд.  Вале  бештари  мардҳо  бар  он ақидаанд, ки оина ба ҳарду ҷинс ҳам таъсири бад мерасонад. Ҳатто дар замонҳои гузашта оинаро ҳадяи шайтон ҳисобида, аксарият ба он наменигаристанд.

Иван Грозний, шоҳи рус, барои нобуд сох-тани  хосияти  бади  оина  сохтани  онро  ба устоҳои  нобино  фармоиш  медодааст.  Бо  ин роҳ чашми бади одамонро аз оина дур кардан мехостааст. Мардуми славянӣ аз рӯйи расму оин занони ҳомиладор ва кӯдаки ширмакдорро  ба  оина  наздик  шудан  намемонданд.  Ба қавле, хосияти бади оина ба насли оянда гӯё 
зарар мерасондааст.

Дар Венетсия-ватани оина, ки панҷ аср пеш ба омода сохтани оина шуҳрат ёфтааст, оинасозон бадбахттарин шахсон ба ҳисоб мерафтаанд. Барои махфӣ мондани сирри оинасозӣ 
давлатдорон оинасозонро ба ҷазираи беодаме  бурда,  кор  мефармудаанд.  Агар  нафаре сирри тайёркунии оинаро фош мекард, ӯро бо аҳли оилааш нобуд мекарданд.

С. АТТОР

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода