Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Изи ангушт барои муайян намудани шахсият?


Изи ангушт барои муайян намудани шахсият?



Изи ангушт яке аз воситаҳои муайянкунандаи шахсият мебошад. Ба ақидаи коршиносон ин усули нав нест. Чун дар Чин навиштаҷоти қадимае пайдо шудааст, ки дар ҷойи имзо изи ангуштон мавҷуд будааст. Тақрибан 2000 сол пеш вуҷуд доштани изи ангуштонро бо ин да-лел метавон исбот кард.

Вале  бори  аввал  барои  муайян  намудани шахсият  дар  илм,  олими  итолиёвӣ  Марчелло Малпиги соли 1686 изи ангуштро истифода бурдааст. Ин олим зери заррабин рахҳои 
дар ангуштон мавҷудбударо омӯхта, дарк менамояд,  ки  рахҳои  мазкур  шаклҳои  махсуси ҳалқамонанд  доранд.  Пасон,  усули  гирифта-ни  изи  ангушт  барои  муайянкунии  шахсияти ҳабсшудагон соли 1858 истифода гардид.

Соли  1880  олими  англис  Франсис  Галтон таснифоти системаи изи ангуштонро оғоз на-муд.  Баъди  чанд  сол  ин  система  аз  тарафи комиссари  полиси  Лондон  Эдвардом  Генри сода карда шуда, дар ҳама кишварҳо ҳамчун воситаи муайянкунии шахсият дар кушодани ҷиноятҳо паҳн шуд.

Имрӯз  дар  баъзе  таваллудхонаҳои кишварҳои дунё изи кафи пойи тифлони нав-зод гирифта мешавад.

Таҳияи ШАҲОДАТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода