Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳусн, зебоӣ ва инсон


Ҳусн, зебоӣ ва инсон



Ҳусн, зебоӣ – як ҷиҳати   марғуби зуҳуроти  ҳастии табиат  ва  камолоти  модарзоди он  мебошад,  ки дар  шуури  инсон инъикос  гардида, эҳсоси  фароғат, завқ,  лаззат  ва қаноатмандӣ   ба вуҷуд  меоварад. 

Ҳусн  танҳо  дар ҷисм ва ҳаракати ҷисмонӣ фаъол намешавад, амалиётҳои  он  характери  бадеӣ,  маънавӣ, ахлоқӣ  дошта,  объекти  ҳақиқии  эҳсосоти эстетикӣ:  наққошӣ,  тасвирҳо,  рақсу  мусиқӣ, шеъру  суруд  ва  ғайра  шуда  метавонад.  На танҳо  шакл,  балки  мазмун,  на  танҳо  зоҳир, балки ботин маънои бузурги эстетикӣ ва этикӣ (ахлоқӣ)  дорад.  Ҳамин  тариқ,  ҳуснро  аз  рӯи мансубияташ ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст:

1. Ҳусни табиӣ, ки ба ҷисми инсон: рӯй, мӯй, қад, пой, даст, қомат ва ғайра дахл дорад.
2. Ҳусни сохта ба сару либос ва зебу зинати зоҳирӣ мансуб аст.
3.  Ҳусни  маънавӣ  бошад,  ақлу  хирад,  заковату фаросат, одобу рафтор ва маданияти гуфторро дар бар мегирад.

Ҳусни табиӣ, ки дар байни мардум “ҳусни худодод” мегӯянд, ганҷи бебаҳо аст. Он хеле ҷозиб  ва  дилрабо  буда  метавонад,  вале ҷавонони мо ба ҳусни зоҳирӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, ба ҳусни ботинӣ аҳамият намедиҳанд.

Бояд  дар  хотир  дошт,  ки  инсон  бояд  боз соҳиби   ҳусни  ботинӣ  бошад.  Ҳусни  ҳар  як фард танҳо дар одобу ахлоқаш зоҳир мегардад.  Рафтори  инсон  ягона  нишондиҳандаи симо  ва  сифатҳои  ахлоқӣ   мебошад.  Аз  ин хотир,  инсон  набояд  аз  ҳусну  ҷамоли  хеш қаноатманд  бошад,  балки  бикӯшад  ба  он ҳусни  ботинӣ,   яъне  одобу  ахлоқи  некро  бипайвандад. Ваҳдати ҳусну одоби нек, шарму ҳаё ҳусни инсонро ғанӣ мегардонад.

А.П. Чехов нисбати чунин ваҳдат навишта  буд: ”Дар одам ҳама чиз: ҳам рӯй, ҳам либос, ҳам қалб, ҳам афкор бояд зебо бошад” Бисёр вақт рӯи зебо ва либоси шинам касро ба ваҷд меорад. Баъзан дар зери он либоси зебо қалби сиёҳ ниҳон аст. Шахси ботарбия 
дар  кор,  ҷамъият,  оила,  дар  байни  одамони шинос ва ҳам дар ҷамъияти одамони ношинос  рафтори  якхела  дорад.  Чунин  шахс  дар ҳар  шароит  худро  гум  намекунад,  рафтору кирдори  худро  назорат  мекунад  ва  барои кирдори худ ҷавоб гуфта метавонад. Чунин  шахсро  одами  бомаданият  мегӯянд.  Асоси  маданияти  рафтори  инсонро  назокату  одоб  ташкил  медиҳад.  Назокату  одоб  ин  меъёри муносибати  оқилонаи   мақсадноки  одамон  нисбат ба якдигар аст, ки ба ғамхорӣ, хоксорӣ, одаму одамгарӣ асос ёфтааст.

Сафармо ҚОБИЛОВА, 
омӯзгори литсейи давлатии 
“Ориёно”-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода