Паём-роҳнамои мо
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 26 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология, Боздид 1 411
Тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ дар дастаҷамъӣ тамошо намудем. Бояд гуфт, ки Паёми Пешво на танҳо барои вакилони мардумӣ, балки барои кулли мардуми Тоҷикистон буд ва он роҳи минбаъдаи моро ба сӯи фардо муайян намуд, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд.
Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият, чи иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустиро яке аз бахшҳои муҳими ҷомеа ба қалам дода, солимии онро аз ин бахш ҳисоб намуд. Чуноне ки Сардори давлат иттилоъ дод, имрӯз дар ҷумҳурӣ 1300 иншоот-муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамояд. Танҳо давоми соли гузашта 108 иншооти тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Махсусан роҳбари давлат аз хизмати кормандони соҳаи тиб ҳангоми мубориза алайҳи бемории пандемия- «КОВИД-19»-коронавирус изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз ҷумла афзуд, ки хизмати табибон дар ин бахш як қаҳрамонӣ асту бас. Чаро ки онҳо натарсида, дар кори табобати маризони бемории коронавирус саҳми арзандаи худро гузоштанд. Чун мардони ватандӯсту инсонпарвар лоиқи ҳама гуна таърифу тавсиф ва қадрдонӣ мебошанд.
Мо, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Восеъ минбаъд низ фаъолияту амали худро мувофиқи дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона хоҳем кард, ки нуктаҳои дар Паём зикргардида дар ҳаёт амалӣ гарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар паёмашон зикр намуданд, ки хушбахтона, дар ҷумҳурии мо бемории «Ковид-19»-коронавирус аз байн рафтааст, вале баробари ин ҳушдор доданд, ки аз ин набояд фориғбол гардему нисбати саломатии худу атрофиён бепарво бошем. Дар ин раванд Пешвои миллат таъкид ба амал оварданд, ки эҳтиёткориро дучанд намуда, ба қоидаҳои тозагию санитарӣ, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон риоя намоем, ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузорем.
Мо, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Восеъ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки вохӯрию суҳбатҳоро дар байни аҳолӣ бештар намуда, оиди ҳифзи сиҳатии омма маслиҳату тавсияҳои зарурӣ диҳем, ҳар гуна брошюра ва буклетҳои вобаста ба пешгирии бемории коронавирусро дастрас гардонем.
Ҷамшед ДАВЛАТАЛИЗОДА,
директори Маркази ташаккули
тарзи ҳаёти солими ноҳияи Восеъ
-
26-01-2021, 14:00
-
17-01-2021, 09:05