ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 2,5 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид шуд


2,5 миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид шуд



Давоми соли 2022 дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 миллиону 523 ҳазору 280 вояҳои ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории мазкур дар кишвар бомаром идома дорад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди кишвар гардид.

Маврид ба зикр аст, ки то рӯзи 22 сентябр дар мамлакат 5 миллиону 332 ҳазору 386 нафар, ё 98,6% фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429 нафар, ё 97% бо вояи дуюм, 5 миллиону 97 ҳазору 888 нафар, ё 94,2% бо вояи сеюм ва 1 миллиону 71 ҳазору 627 нафар, ё 19,8% аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд мебошад, ки сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкилӣ метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода