ИСКАНДАРИ РУСТАМ – НАМОДЕ АЗ ТАБОРИ ОЗОДАГОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 800
Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Варзишгарон парчамбардорони миллатанд. Онҳо бо ҳунару тавоноии худ парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Ба хотири Рӯзи варзишгарон дар саросари кишвар силсилабарномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқотҳо бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир карда мешавад. Ин ба он хотир аст, ки варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст.
Пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд. Аз ин ҷост, ки машғул шудан бо варзиш, оммавияти варзиш дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, барномаҳои маърифатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим танҳо бо як Рӯзи варзишгарон маҳдуд намешавад.
Мо дар ин матлаб оид ба яке аз варзишгарони беҳтарини Тоҷикистон Искандари Рустам ҳарф мезанем. Дар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони соҳаи варзиши ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020-ро муайян карда буд. Онҳо боксчиён, дорандагони роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2021 Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев, самбочиён, ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия-Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Комроншоҳи Устопириён, намояндагони гуштини тарзи озод Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов ва Искандари Рустам, гуштини тарзи юнониву румӣ Мубинҷон Аҳмадов ва таэквондо (WT) Муниса Ойматова буданд.
Искандари Рустам, Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштии юнониву румӣ 18-уми августи соли 1991 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон оид ба гуштии озод дар вазни 97 кило, иштирокчии Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мебошад.
Ба гуштингирӣ дар шахри Кӯлоб шуруъ намуда, дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ байни ҷавонон ва калонсолон ширкат варзидааст. Тирамоҳи соли 2010 бо даъвати собиқ мураббии гуштии озод Виктор Едзаев ба Владикавказ кӯчид ва дар он ҷо се моҳ дар маркази гуштингирии Владикавказ бо мураббии маъруф Дедегкаев Казбек, ҳамроҳи Ҳоҷимурод Гатсалов ва Артур Таймазов таҳсил кард. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Сослан Андиев ширкат кард, вале ҷоиза нагирифт.
Моҳи феврали соли 2011 Искандари Рустам дар чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштии юнониву румӣ байни калонсолон дар вазни 96 кило ширкат кард. Дар финал вай чемпиони хашткаратаи Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуллоевро мағлуб карда, медали тиллои чемпионатри ба даст овард. Моҳи марти соли 2011 Искандари Рустам дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод байни калонсолон иштирок намуда, соҳиби медали тиллои чемпионат ва унвони устоди варзиш мегардад.
Дар авоили соли 2012 дар Остона Искандари Рустам иҷозати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар мусобиқаи интихобии Осиёро ба даст оварда, барандаи медали нуқра гардид.
Дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ дар Лондон Искандари Рустам дар даври 1/8 финал аз Валерий Андрейцев аз Украина ва сипас дар финал аз Хетаг Газюмов аз Озарбойҷон шикаст хӯрд.
Падараш Рустам Одинаев аз зумраи ашхоси саршинос ва чеҳраҳои намоёни минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Шахси соҳибмаърифат, ҳалиму хоксор, алқисса тамоми хислатҳои инсонӣ дар ӯ дида мешаванд. Умре бо нуги қалам нони ҳалол хӯрдааст. Тамоми ҳаёти худро сарфи касби рӯзноманигорӣ намуда, тӯли чанд соли охир ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтавори "Кулябская правда" фаъолият дошт. Ҳоло бошад, дар ҳалқаи пайвандон даврони пирӣ меронад.
Ҳамзамон варзишгари ҷавону умедбахши кишвар Искандари Рустам ҳамчун дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб аз намуди гуштини тарзи озод соҳиби имтиёзҳои зарурӣ гардидааст.
Алҳол директори Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии вилояти Хатлон оид ба намудҳои гӯштин ба номи Саймумин Раҳимов мебошад.
Маҳз натиҷаи чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат ба он боис гардид, ки варзишгарони мо низ дар мусобиқаҳои сатҳи Осиёӣ ва ҷаҳонӣ шарафи варзиши мамлакатро ҳимоя намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати варзишпарвар ва дунявӣ муаррифӣ намоянд. Исми варзишгарони муваффақ ба монанди Мавзуна Чориева, Искандари Рустам, Сорбон Латифов, Фурқат Назриев, Шарифҷон Назриев, Фирдавс Насимов, Фариддун Тиллоев, Абдулқосим Файзиев, Шавқат Раҳимов, Сагизов Бахтовар, Озодӣ Носиров, Холов Аминҷон ва боз даҳҳо нафар варзишгарони шаҳру минтақаи Кӯлоб ба сокинони кишвар ҳамчун парчамбардорони давлату миллат ошност.
Ҷавонони саодатманди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар қатори дигар ҳамсолони худ аз гӯшаву канори Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш доранд.
Искандари Рустам ба ин назар аст, ки: “Хушбахтона, ба шарафи дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва дахолати бевостаи Пешвои миллатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ин ҷода низ торафт симо ва ҳузури дурахшони худро падидор месозад. Пайваста хабари пирӯзиҳои варзишгарони мо, чи хурду чи бузург, ба гӯш мерасад. Имрӯзҳо теъдоди наврасон ва ҷавононе, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ пайваста бо медалҳои тилло, нуқраву биринҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо обрӯи шоиста бар мегарданд, меафзояд.
Имрӯз ба шарофати дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат на фақат дар марказҳои вилоят ва шаҳрҳои азими кишвар бузургтарин варзишгоҳҳои сохта шудаанд, ки ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд, балки қариб шаҳраку ноҳияе нест, ки дар он бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба роҳ монда нашуда бошад ва ин раванди бунёдкорӣ муваффақона идома дорад.
Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.”
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
хабарнигори минтақавии рӯзномаи “Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00