ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Афсонаҳои халқӣ завқи кӯдаконро зиёд менамоянд


Афсонаҳои халқӣ завқи кӯдаконро зиёд менамоянд



Дар таътили тобистона шуғли беҳтарин барои кӯдакону наврасон хондани китобҳои бадеӣ ба ҳисоб меравад. Зеро китоб мунису ҳамдам ва тарбиятгари одам аст. Аз ин рӯ, волидонро мебояд, ки завқу шавқи кӯдакро ба назар гирифта, дар интихоби китобҳои бадеӣ эҳтиёткор бошанд.


- Муҳаббат ба мутолиаро дар замири кӯдак бояд барвақт бедор кард. Волидону омӯзгор барои кӯдак китобҳоеро, ки қобилияти дарки онҳоро дорад, интихоб намоянд. Барои талқин кардани кӯдак ба мутолиа саҳми волидон бояд бештар бошад, чунки назар ба суханони омӯзгор суханони волидон нишонрасу муассир аст. Бинобар ин, марҳилаҳои синну соли ҳассос вуҷуд доранд, ки аз ҳамдигар тафовут доранд ва дар давоми 1,5- 2,5 сол тағйир меёбад,-гуфт Шоира Хуҷамардова, корманди китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин.

Шоира Хуҷамардова, ки бо кӯдакон зиёдтар сару кор дорад, ҳолати равонии хондани онҳоро омӯхтааст. Ба ақидаи мувофиқ ба синну соли кӯдак китобҳои зерин тавсия дода мешавад:

1. Барои кӯдакони синни 4 то 7-сола китобҳои рангаву камсаҳифа, ки кӯдак тавонад, аз ҳаракатҳои қаҳрамононаш ҳодисаи баамаломадаро пай барад. Китобҳои “Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Шамол хунук мехӯрад?”, “Себи тилло”-и Абдумалик Баҳорӣ, “Озода шав”-и Убайд Раҷаб, “Гунҷишкаки якрав”-и Акобир Шарифӣ ва “Чилпо”-и Азизи Азиз махсус ба ҳамин синни кӯдакон рост меояд.

2. Барои кӯдакони аз 8 то 11-сола китобҳои нисбатан шавқовар, ки таваҷҷуҳи кӯдак ба онҳо зиёдтар аст, аз қабили “Гурбаи думбурида”-и Равшан Баҳорӣ, ”Фил аз чӣ метарсад?”, ”Қиссаи гандумак”, ”Чилпо”-и Азизи Азиз ва “Тӯй дар беша”-и Гулчеҳра Маҳмадизода шомил мешавад.

3. Ба наврасони аз 12 то 16-сола китобҳо дар бораи қаҳрамониҳо ва корнамоиҳои беназир, инчунин китобҳое, ки оҳанги панду ахлоқӣ дошта, наврасро ба роҳи рост ҳидоят намояд, мувофиқ аст. Зеро дар ин синну сол наврасон ба ин қабил китобҳо таваҷҷуҳ ва ниёз доранд. “Гулистон”, “Бӯстон”-и Саъди Шерозӣ, “Пандномаи Анушервони Одил”, “Ҳикояҳо аз Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Муаллими сахтгир”-и Баҳром Фирӯз, “Достонҳои Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ”Тобистон”-и Пӯлод Толис китобҳои айни талаботи наврасони ин синну сол маҳсуб меёбад.

4. Ба гурӯҳи наврасони синни 17-18-сола китобҳое, ки хусусияти худсозию худташаккулдиҳӣ ва сохтани шахсият доранд, тавсия дода мешавад. Китобҳои Садриддин Айнӣ “Ёддоштҳо”, “Марги судхӯр” ва “Одина”, асарҳои “Саргузашти Собир”, “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода, “Одамони ҷовид”-и Раҳим Ҷалил ва “Тори анкабут”-и Ҷалол Икромӣ, ҳамзамон асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев интихоби беҳтарин барои мутолиа аст.

 Фарида Баротова, “Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода