Момои 75-сола “Тоҷикон”-хонӣ мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 788
Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим карда шуд...
Инак, мо дар бораи нафаре қисса мекунем, ки 75 сол дорад, вале имрӯз бо як шавқи зиёд китоби “Тоҷикон”–ро мутолиа менамояд. Ӯ Хуршеда Ҳаитова, сокини Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Восеъ мебошад.
Вақте ки мо меҳмони хонадони ин зани бедордил гаштем, ӯро ҳамроҳи фарзандону наберагонаш сари сурфаи тоҷикона ҳангоми маҳфили “Тоҷикон”-хонӣ дарёфтем. Момаи Хуршеда Ҳаитова таърихи миллати тоҷикро хонда, бо забони содаву фаҳмо ба наберагонаш бозгӯ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Вақте ки ба даст китоби “Тоҷикон”-ро мегирам, набераҳоро дар гирдам ҷамъ мекунам. Набераам Беназир дар шаҳри Бохтар мехонд. Ҳар вақте ба хона меомад, хоҳиш мекард, ки аз ин китоб барояш нақл кунам. Ман нишаста барои ӯ аз давраи ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна ва таъсири онҳо ба сарзамини мо то ба имрӯз афсона барин ҳикоят мекардам”. Момо ҳоло синни мубораки 75- ро ба сар мебарад. Агарчи аз нури чашмонаш шикоят дорад, вале одати кӯдакиаш ӯро аз китобхонӣ бозмонда наметавонад.
-Ёд дорам, ки ман китобхониро аз синфи чор сар карда будам. Он вақтҳо падарам ба ман кумак мекард. Дар хона беш аз 200 китоб дорам, ки аксарияти онҳоро хондаам. Ягон вақт ҳамсояҳо меоянд, мебинанд, ки китоб хонда истодаам, мегӯянд: “Дар сари пирӣ худро азоб медиҳӣ, акнун вақти давлати пирӣ рондан омадааст”. Аммо ман танҳо бо утолиаи китоб истироҳат мекунам. Аз рӯзе, ки китоби “Тоҷикон” ба ҳар оила ройгон тақдим карда шуд, пайваста ба хондани ин китоб машғулам...
Ба қавли қаҳрамони мо, тақдими ин китоб барои рушди минбаъдаи кишвар ва ба роҳи дуруст равона кардани ҷавонон хело муфид аст. Чун дар ин китоб ҳама давраҳои зиндагии мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар ин китобро хонад, барои кори ояндаи худ ибрат мегирад. “Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”-ро момои Хуршеда шиори худ кардааст.
Аз рӯзҳои аввали ба хонаи шавҳар омадан ба мутолиа машғул шудааст. Шавҳараш талошҳои ӯро дар пайи омӯхтан дида, мехоҳад ӯ ба донишгоҳ дохил шавад. Мутаассифона, Хуршеда Ҳаитова бемор мешавад ва маълумоти олӣ гирифтан танҳо орзуяш мемонад. Дар давоми оиладорӣ ин зани китобдӯст соҳиби 7 фарзанд шудааст.
Момои Хуршеда ҳеҷ гоҳ аз омӯхтан дур намондааст. Таъсири босаводии мома ба тамоми аҳли оила расидааст. Дар деҳа ҳама аз босаводӣ ва боодобии аҳли оилаи ӯ ҳарф мезананд.
Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...