ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Садои кӯҳ


Садои кӯҳ



Писараке бо падараш аз миёни кӯҳҳо мегузаштанд. ногаҳон пойи писарак ба санге бархӯрда, ба замин афтод ва фарёд кашид:оҳҳ! Дарҳол садое аз кӯҳ шунида шуд:оҳҳ!


Писарак ба кунҷковӣ фарёд зад: -ту кистӣ? Аммо посух боз ҳамон буд, ки мегуфт: ту кистӣ?

Ин моҷаро ӯро асабонӣ карда, боз фарёд зада гуфт: эй тарсончак! Посухи кӯҳ ҳам чунин буд: эй тарсончак...

Писарак, ки ба тааҷҷуб афтода буд, ба падараш нигоҳ карду гуфт: «падарҷон, чӣ иттифоқе аст инҷо?. Падар лабханде заду фарёд кард: «офарин ба ту». Кӯҳ садо дод: «офарин ба ту».

Падар боз фарёд зада гуфт: «ту беҳтаринӣ».

Посухи кӯҳ ҳам ҷуз ин набуд, ки гуфт: ту беҳтаринӣ.

Писараки дар тааҷҷубафтода ҳанӯз ҳам нафаҳмида буд, ки ин ҷо чӣ хабар аст. Падар ин иттифоқро барояш ин гуна тавзеҳ намуд: «мардум ин падидаро садои кӯҳ мегӯянд, аммо дар ҳақиқат ин «зиндагӣ» аст».

Зиндагӣ оинаи аъмоли корҳои неки туст.

Агар меҳрубонии бештар мехоҳӣ, бештар меҳрубон бош.

Агар эҳтиром ва бузургӣ мехоҳӣ, инро дарк кун ва эҳтиром бигзор. 

Агар мехоҳӣ мардум нисбати ту муаддаб бошанд, адаб дошта бош.

Зиндагӣ ҳар чӣ ба ӯ бидиҳӣ, ба ту бармегарданд.

Ба ҳар кас хубӣ кунӣ, дар ҳаққи ту хубӣ хоҳад шуд.

Зиндагии ту ҳосили як тасодуф нест, балки оинае аст, ки инъикоси корҳои худатро ба ту бармегардонад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода