Падар будан хушбахтӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 946
Ту ба дунё омада, камол меёбӣ, оила бунёд мекунӣ ва вақте дар оила фарзанд ба дунё меояд, падар мешавӣ. Оё ту чун падари ҳақиқӣ ба камол расидаӣ? Падар будан масъулият дорад ва ӯ фарзандро бояд чӣ гуна тарбия намояд?
Бале, падар будан хушбахтист. Ана, писар бори нахуст роҳравон шуд, ба истиқболи падар қадамҳои аввали худро гузошт. Ана, духтарча сари худро ба китфони падар-такягоҳаш гузошта, ба чашмони падар менигараду бо лаҳни ширини кӯдакӣ мепурсад: дадаҷон, хаста нашудед, маро ба замин гузоред. Суханони нахустину меҳрубонии аввал, дилсӯзии кӯдакона, кӯшиши ба падар монанд шуданро карда, пойи ҳанӯз камқуввату нозукашро устуворона ба замин монда, ҳаракат кардан, ин ҳама хушбахтӣ нест магар?
Падар будан натанҳо хушбахтист, балки қарз аст, қарзи хушбахтӣ.
Ту падар шудӣ. Ва чизи аввалине, ки ӯ аз ту меомӯзад, ин муносибати нек ба модар аст. Танҳо дар оилае, ки мард (падар) зан-модарро эҳтиром мекунад, фарзандони комилу шаҳрвандони арзандаву ҳақиқӣ тарбия меёбанд.
Ту падар шудӣ. Ба писарат насаби худро додӣ. Магар бо ҳамин қарзи падариат анҷом меёбад? На, на! Баробари бузург шудани ӯ ташвишҳои ту низ беш мегардад. Меҳру муҳаббат исбат ба фарзанд боз меафзояд. Бисёр дидаю шунидаем, ки омӯзгорон аз падарон бисёр гиламанданд. Ҳар гоҳ, ки волидайни хонандагонро ба ҷамъомади падару модарон даъват мекунанд, аз чӣ бошад, ки бештар модарон меоянд.
Модарон дар тааҷҷубанд: Хоҳ дар хондану хоҳ дар ахлоқ ва хоҳ дар дарсҳои варзишӣ иштирок накардани писар, ба мактаб танҳо модарро даъват мекунанд. Дар кӯча фарзанд беодобию нописандӣ кунад ё дарсашро тайёр накунад, аз модар мепурсанд. Дар ин ҳолатҳо падар дар куҷост? Чаро ӯ дар тарбияи писар (сухан ин ҷо аз писар мераваду таъсири падар бештар лозим аст) канора меҷӯяд?
Танқисии таъсири падарӣ хело зиёд ҳис карда мешавад. Ин бошад, дар навбати худ натанҳо занро серкору серташвиш гардонидан аст, балки пайомади он доманадор мебошад. Дар оилае, ки таъсири модар бештару нуфузи падар (эътибор, на зарби тасма!) дида намешавад, хоҳу нохоҳ марде (писар) ба воя мерасад, ки сифати занро қабул карда, шабеҳи модар мешавад. Аз ҷавонмарди заифу камқувват ҳимоятгар наме барояд. Ӯ тарсончаку беҷуръат мешавад. Ана ҳамин хел кору гапҳо...
Ту падар шудӣ, ту дар баробари ин бояд мард ҳам бошӣ, марди ҳақиқӣ, марди намуна. Намуна дар зиндагӣ, тарбия, гуфтору рафтор. То писари ту низ чун мард камол ёбад, ба падар монанд шудан хоҳад, аз падар ифтихор кунад...
АЗ “ХАТЛОН”: Падари ҷавон! Дар ин хусус ту чӣ андеша дорӣ? Оё худро падари ҳақиқию комил меҳисобӣ? Ба мо навис, мо интизори номаи ту ҳастем.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...