Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Барои кӯдакону наврасон худамон намунаи ибрат бошем


Барои кӯдакону наврасон худамон намунаи ибрат бошем



Бузурге гуфтааст, ки бисёр мехостам дар замири фарзанди хеш муҳаббати китобро ҷой диҳам. Дар ин марҳила, аз як усули хос истифода мебурдам. Ҳар шаб ба ӯ афсонаҳои аҷоибу ғароибро қироат мекардам ва дар нуқтаи аз ҳама ҷолибаш таваққуф намуда, вонамуд мекардам, ки гӯё хобам гирифтааст. Ҳарчанд фарзандам хоҳиш мекард, ки идомаи китобро барояш хонам, вале ба ӯ мегуфтам, вақте худат хонданро омӯхтӣ, метавонӣ идомаи афсонаро мутолиа намоӣ. Маҳз ҳамин сабаб гардид, ки писарам ҳар рӯз бештар аз рӯзи пешин кӯшиш менамуд, ки хонданро аз худ намояд ва дар кӯтоҳтарин вақт ба он муваффақ гардид...

Дар фасли тобистон хонандагону донишҷӯён нисбатан озодтар мешаванд. Ба таътили тобистона баромада, фориғ аз таҳсил мегарданд. Дар ин давра ҳар як нафар имконият дорад хубтару беҳтар ба мутолиаи китобҳои барояш писанд машғул шавад. Дар ин баробар, кӯдаконро низ зарур аст, ки барои рушди ақлониву равонии хеш асарҳои бачагонаро мутолиа намоянд.

Ҳамчунин, дар ин иқдом бояд ҳар як падару модар бетараф намонда, барои фарзанди худ шароити хуби мутолиаи асарҳои бадеиро муҳайё созанд. Аз мушоҳидаву таҷрибаҳо маълум аст, ки кӯдакону наврасон вобаста ба синну сол ва мавқеи илмомӯзӣ ба хондани китобҳои тасвирдор шавқу рағбати зиёд доранд. Албатта, омӯзиши асарҳои бадеӣ дар инсон марҳила ба марҳила сурат мегирад, ки ин дар пешрафту табодули афкори он ҳиссагузор аст. Мо ҳеҷ гоҳ наметавонем, ба хонандаи синфи 1-2 китоби “Тоҷикон”-ро барои мутолиа тавсия диҳем ва ё онро маҷбур кунем, ки ба омӯзиши он машғул шавад.

Андешаи коршинос Чуноне ки Райҳона Раҳматова, коршиноси соҳа, номзади илмҳои филологӣ, мегӯяд, кӯдакону наврасон имрӯз ба китобу китобхонӣ кам таваҷҷуҳ мекунанд, ин албатта, барои ояндаи онҳо самараи хуб надорад. Омили камтаваҷҷуҳии наврасони замони муосир ба мутолиаи китоб дар он аст, ки раванди омӯзиш ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ дар замирашон бедор нашудааст.

Дар ин росто падару модар вазифадоранд, фарзанди худро тарзе тарбия намоянд, ки дар оянда ҳамчун як машваратчӣ барои дӯстону ҳамсолон бошад. Модаре аз камтаваҷҷуҳии фарзандонаш нисбат ба китобхонӣ нигаронӣ намуда, мегӯяд: “Дар хонаам қариб 60 адад китобҳои бачагона мавҷуд аст, вале кӯдаконам онҳоро намехонанд.

Агар ба хондан маҷбур намоям, баръакс хоҳиш мекунанд, ки худам хонда, мазмунашро ба онҳо нақл кунам”. Кӯдак мисли навдаи тарест, майлашро кадом тарафе, ки хоҳӣ, тоб дода мешавад. Ҳамчунин, кӯдак хислате дорад, ки бештари маврид тақлид мекунад. Барои кӯдаконро ба китобхонӣ ҷалб намудан, зарур аст, ки аввал ашхоси калонсол ба китобу китобхонӣ рӯ оранд. Бо ин роҳ метавон намунаи ибрати шахсӣ барои фарзанд буд.

Намунаи ибрат Сафиямоҳ Юсупова яке аз хонандагони фаъоли литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки соли гузашта дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардида буд. Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки Сафиямоҳ соли 2020 низ иштирокчии озмун буда, дар даври ҷумҳуриявӣ мақоми ифтихориро соҳиб гашт.

Ба андешаи ӯ, китоб мушкилкушои ҳама мушкилиҳо ва омили пешравиҳо мебошад. Ба ҳамсолони хеш тавсия медиҳад, ки пайваста пайи омӯзиш шаванд, навгониҳои ҷомеаро бо роҳи мутолиаи зиёд кашф намоянд.

Тавсияи мутахассис Райҳона Раҳматова, коршинос, чунин мегӯяд: “Барои ҳарчӣ зудтар ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, ҳар як падару модарро зарур аст, ки шавқу завқи кӯдаконро ба китобхонӣ бедор намуда, аз самараву натиҷаи мутолиаи китоб ба онҳо мисолҳои равшан оранд”.

Ба андешаи Р. Раҳматова, ба кӯдакону наврасон китобҳое бояд тавсия дода шавад, ки хусусияти созандагӣ, яъне инсонсозию ватандӯстӣ дошта бошанд. Албатта, аксарияти китобҳои бачагона чунин хусусиятро доро мебошанд, ки дар рушди тафаккур ва пешравию муваффақиятҳои он мусоидат мекунад.

Мутолиаи китоб ва омӯзиши илму маърифат то имрӯз ба касе зиён нарасонидааст. Маҳз омӯхтани донишу илм буд, ки имрӯз номи садҳо бузургон, мисоли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Сайидо вирди забон ҳастанду дар саҳфаҳои таърих номашон абадӣ сабт гардидааст.


Ҳ. Исмат, Ҷ. Қиёмиддин,
Ф. Баротова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода