Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Маркази нави илмӣ таъсис меёбад


Маркази нави илмӣ таъсис меёбад


Дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» таъсис дода хоҳад шуд.

Дар ин бора зимни конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бохтар доир гардид, эълон карда шуд. Гуфта шуд, ки ин маркази илмию тадқоқотӣ бо мақсади ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) таъсис дода мешавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби олимон, коршиносон ва дигар иштирокдорони конференсия дастгирӣ ёфт.

Дар конференсия инчунин қайд гардид, ки маҷаллаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ, ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷойдодашуда барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода