Бетафовут набошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 895
Субҳи барвақт. Бо нияти кор аз хона бародам. Занеро назди бозор дидам, ки борашро кашола карда мерафт. Осемасар хостам аз канораш бигзарам, аммо ҳамин лаҳза модарам ба хотирам омад. Модарамро дар ҳамин вазъ тасаввур кардам, зуд ба қафо гашта, бори он занро то ҷойи лозимааш бурда расондам.
Азбаски ба кор дер мекардам, шитоб доштам. Дуртар як гурӯҳ бачаҳоро дучор омадам, ки ба писарбачае дарафтода ӯро латукӯб менамуданд. Гумон кардам, ин танҳо як бозии бачагона аст.
Дар ҳамин сурат писарам Аҳмадро ба хотир овардам, шояд ӯ низ дар куҷое ба ҳамин ҳол гирифтор бошад. Баргаштаму ба ҷанҷоли онҳо мудохила карда, писаракро аз дасти онҳо халос намудам. Дар тангкӯчае гурӯҳи ҷавононеро дучор омадам, ки ба духтаре гаппартоии беҷо карда, сари роҳи вайро мегирифтанд.
Ба худ гуфтам, ин дигар одати маъмулии ҷавонон гардидааст. Хостам, ки ба онҳо кор нагирам, вале дар ҳамин ҳол духтарам Лайлиро пеши назар овардам. Фикр кардам, духтари ман низ шояд дар куҷое ба ҳамин аҳвол гирифтор бошад. Баргаштам, то вайро аз дасти он писарони беадаб раҳо намоям.
Дар иваз чанд мушт ба сарам хӯрдам. Дар роҳи мошингард пирамарде пеши назарам пайдо шуд. Ароба мекашид. Якчанд бачаҳои кӯча ба ӯ дарафтода, тарафаш санг ҳаво медоданд.
Фикр кардам, шояд ягон марди шаробхор аст, ки кӯдакон ба ӯ дарафтодаанд. Аммо сонияе чанд андешидам, ки агар ман ин пирамардро аз азияти кӯдакон раҳо накунам, шояд падари маро низ рӯзе ин ҳол домангир шавад.
... Дунё чархи гардон аст, ҳар амале ки аз мо сар мезанад, баргашта ба сари худамон меояд, он хоҳ амали нек бошад, хоҳ амали зишт. Инсон намедонад, дар хамгашти дигари кӯчаи ҳаёт ба чӣ ҳолат рӯ ба рӯ мегардад.
Бетарафии мо теша задан ба решаамон аст. Агар аз канори ҳамдигар бетафовут гузарем, мушкилии ҳамдигарро нодида гирем, пас ҳоли мову наздиконамон чӣ мешавад?
P.S. Агар ҳар инсон дар нобасомониҳои дигарон худро ба ҷойи ӯ тасаввур кунад, ҳеҷ гоҳ нохуширо нисбати дигаре раво намебинад.
Фарида Баротова, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...